Китоби нав. “Нақши омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар пешгирии ифротгароии динӣ”

Нақши омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣИфротгароӣ – як навъи тафаккур, фаъолияти ҷамъиятие мебошад, ки афроди пайрави он буда, ба боварҳои худ бартарӣ дода, нисбат ба меъёрҳои муқарраркардаи ҷомеа муносибати сахтгирона, хусуматомезона ва бадбинона доранд.

Падидаи манфур маҳсуб меёбад, ба он хотир, ки ҷонибдорони он дар барномаи амали худ нисбат ба талаботи ҷомеа майли ҷудоихоҳӣ, тундгароӣ ва иғвоангезиро тарғиб мекунанд. Аз ин рӯ, он аз рӯи тамоилгирӣ ба терроризм шабоҳат дорад. Вобаста ба самтгирии идеология он дар намуди ифротгароии иҷтимоӣ, ифротгароии этникӣ ё миллӣ, ифротгароии сиёсӣ, ифроттароии динӣ пайдо шуда, паҳн мешавад.

Дар китоби мазкур натиҷаи тадқиқоти сотсиологии муҳаққиқон, ки фарогири масоили ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он мебошад, инъикос ёфтааст.

Муаллифони моногрфияи “Нақши омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар пешгирии ифротгароии динӣ” Ш.Бердиев, Б.Самиев ва Ғ. Қаҳҳоров буда, он бо қарори Шурои олимони ДДОТ ба номи С.Айнӣ таҳти №2/5(в) аз 04.11.2024 ба нашр тавсия шудаст.

Ҳоли ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммаогардонии фонд.