Китоби нав: Наҷиб Азизӣ: “Равзанаи умед”

Равзанаи умедБеморӣ барои як инсон, мушкилтарин ҳаводиси рўзгор аст, вале он қисме аз сарнавишт аст. Сарнавишт бошад, дар дасти инсон нест, онро ҳамчун туҳфаи Офаридгор бо ҳама бешу камаш пазируфтан ва таҳаммул намудан лозим меояд. Чун аз қисмат ҷойи гурез нест, ба истиқболи субҳи нав қадам бояд монд.

Роҳи зиндагӣ ҳаргиз тахту ҳамвор набуд, нест ва намешавад. Дар ин масир мушкилоти зиёде  инсонҳоро дунболагир мешавад,  вале  дар талоши ҳаёт ҷонбозиҳо  бояд кард. Дар китоб дар атрофи бемории ирсии гемофилия сухан меравад, ки муаллиф худ гирифтори ҳамин  беморист. Хонандаи нуқтасанҷ бо қироати ин китоб ҷаҳду талошҳои нафареро, ки дар муттаҳидсозии беморони ирсӣ талош дорад, ба зудӣ дарк хоҳад кард.

Китоб барои истифодаи оммаи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.

АЗИЗӢ НАҶИБИ ШАРИФБЕК 2-уми моҳи феврали соли 1989 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар оилаи хидматчии ҳарбӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши овозхони анъанавӣ ва мутрибони анъанвии жанри фалаки факултаи мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов буда, пас аз хатми Консерватория муддате ба ҳайси муовини мудири хори камеравӣ дар Филармонияи давлати Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев кору фаъолият намудааст.

Бо ҷаҳду талошҳои ў моҳи феврали соли 2017 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд гирифт. Аз лаҳзаи ба қайд гирифтани ташкилот то ба имрўз Наҷиб Азизӣ сарварии ташкилоти мазкурро дар самти иҷрои ҳадафҳои мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбони ирсидоштаи гемофилия, таъмини имкониятҳои бо дигар шаҳрвандон баробарии онҳо, ҳалли масъалаҳои маъюбон ва таъмини фаъолияти эҳсонкорӣ, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии беморӣ ва тавонбахшии иҷтимоии беморони гемофилияро ба душ дорад.

Бо чахду талошҳои Наҷиб Азизӣ Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи май соли 2018 ба аъзогии ФГУ ва моҳи октябри ҳамон сол ба узвияти КАГ пазируфта шуд. Наҷиб Азизӣ иштирокчии конфиренсияҳои Авруосиёи Алмаато (2017), Москав

(2018, 2019, 2021 ва 2024;) Бишкек 2018); Тошканд (2019); Остона (2023) ва симпозиумҳои байналмилалии Глазко (2018), Загреб (2023), Мадрид (2024), Брюсел (2024) мебошад.

Ҳамчунин, бо ҷаҳду талошҳои сарвари ташкилот ҳамасола, дар шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисони соҳаи тибби ҷаҳонӣ борҳо семинару конфронсҳо баргузор гардидаанд ва Наҷиб Азизӣ борҳо мутахассисони соҳаи тибро барои таҷрибаомузӣ ба хориҷи кишвар фиристодааст.

Ҷаҳду талошҳои Наҷиб Азизиро дар самти ташхис ва табобати беморони ирсии гемофилия ба назар гирифта, бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳти № 505 аз 08.08.2023 бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, падари ду фарзанд мебошад.

Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрассони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.