Китоби нав. Наргис: “Забони об”
Китоби дигари Наргис (Қурбоной Давлатзода) бо номи “Забони об” ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2025 ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, ашъори ахиран сурадаи муаллифро дар бар мегирад.
ҚУРБОНОЙ ДАВЛАТЗОДА (Наргис) 20 – уми июни соли 1958 дар деҳаи Меҳрободи (пешина деҳаи Учқул) ноҳияи Рӯдакӣ (пешина ноҳияи Ленин) дар оилаи марди Худо Ҳоҷӣ Давлат ба дунё омадааст. Таълиму тадриси ибтидоӣ ва ҳамагониро дар мактаби миёнаи рақами 67 фаро гирифта, соли 1974 ба риштаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳозира Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуд.
Баъди хатми Донишгоҳ дар мактаби деҳааш ва мактабҳои гуногуни ҷумҳуриамон ба сифати сарвопионержатий, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор ва директори мактаб ифои вазифа намудааст.
Аз овони наврасӣ ба мутолиаи китоб шавқу завқ дошта, аз ҳамон айём ба шеъргӯӣ оғоз бахшидааст.
“Шабнаме дар барги лола” нахустмаҷмуаи ашъори ӯ буда, соли 2002 дар нашриёти “Ирфон” ва соли 2012 дубора дар нашриёти “Бухоро” аз чоп баромада, дастраси хонандагон гаштааст. Китоби дуюмаш ба номи “Баҳори орзу” соли 2014 дар нашриёти “Адиб” нашр гашта, хонандаи зиёде пайдо намудааст.
Китоби хондании “Дарси зиндагӣ” нахустин эҷоди насрии Наргис буда, соли 2014 тавассути нашриёти “Адиб” ба табъ расидаааст. Муаллиф талош дорад, аз рӯйи ин асари ҳаётӣ филми мустанад ба навор гирифта шаввад, зеро барои тарбияи ахлоқии оилаҳои ҷавон аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Инчунин китоби тарҷумаҳолии “Абармарде аз табори бузург” мавзӯҳои таърихию иҷтимоию сиёсӣ ва тарбиявиро дар бар гирифтааст, соли (2016) “Дурдонаҳои дилангез”, (2017) ва “Сурури нури мавҷ” (2019) – ро бо теъдоди 1000 нусхагӣ дар нашриёти “ Эр-граф” аз чоп бароварда, дастрасии хонандагон гардондааст.
Илова бар ин, дар ҳаммуалифӣ бо доктори илмҳои педагогии Пажуҳишгоҳи педагогии Тоҷикистон И. Давлатшоев дастурҳои педагогии “Асосҳои педагогии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар раванди таълиму тарбияи салоҳиятнок вобаста ба фаъолияти созмонҳои талабагӣ” (2020) ва “Асосҳои педагогии тарғиб ва ҳифзи мероси маънавии таърихи пурифтихори халқи тоҷик миёни наврасону ҷавонон” (2022) – ро аз чоп бароварда дастраси мактабҳои ҷумҳурӣ гардондаанд.
Оиладор соҳиби 5 фарзанду 22 набераю 5 абера мебошад.
Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби нави Наргис “Забони об” дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Шаҳнавоз Акрамова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд