Китоби нав. Наврӯзи Гулзод: «Умри дубора»
Маҷмуаи «Умри дубора» ашъори тозаи шоирро пас аз бозгашт аз сафари панҷсолаи хидматӣ дар бар мегирад. Пешаи Гулзод муаллимӣ аст ва дар ин ҷода зиёда аз 55 соли умри худро сипарӣ намудааст. Хоҳ нохоҳ ин муддат андак нест ва муаллиф дар тули ин солҳо дар тарғиби фанни забони ноби тоҷикӣ ва адабиёти пурғановати форсу тоҷик ва дар баробари ин дар ҷодаи тарбияи насли ояндасоз таырибаи бое ҳосил намудааст ва бешак сабаби ба шеъру шоирӣ рӯй овардани ӯ низ ҳамин пешаи пуршарафаш ба шумор меравад.
Дар сарсухани китоб омадааст, ки қаблан мо ба ашъори Гулзод тавассути чанд маҷмуаҳои дигари ӯ бо унвони «Ҳисори сухан», «Дар ҷавоби дил», «Кокули оташ», «Шуълаи меҳр» шинос шуда будем, ки мавзуи тарғиби шеър, адабиёт, ахлоқи ҳамида, ишқи поку беолоиш, виҷдони поки инсонӣ муҳаббату рафоқат ва дӯстиро дар бар мегиранд.
Агар ба ашъораш аз нигоҳи мантиқ назар афканем, чунин бармеояд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз доираи таълиму тарбияи насли ҷавон барканор набудааст.
Ашъори маҷмуа қисматбандӣ шуда, аксар жанрҳои маъмули адабӣ, аз ҷумала маснавӣ, ғазал, рубоӣ, мухаммасу дубайтӣ ва ғайраро дар бар мегирад:
Ҷанбаи асосии ашъори шоир тарғиби риояти диёнат, адолат, ростӣ ва росткориву ростқавлист.
Ҷоиз ба ёдоварӣ аст, ки шоир аз адабиёти пурғановати форсу тоҷик ривояту ҳикоётеро, ки дорои мазмуну мундариҷаи панду ахлоқӣ мебошанд, бо услуби калассикӣ ва дар шакли нав, баъзан бо иловаҳо ба риштаи назм кашидааст. Масалан, достонҳои «Қиссаи Нушервони одил ва марди сахӣ», «Гар сар биравад аз сари пай мон наравам», «Қиссаи зани солиҳа» ва ғайра дар заминаи нақлу ривоятҳои мардум ва осори адибони классикӣ ба риштаи назм кашида шудаанд, ки мазмуни баланди тарбиявию ахлоқӣ дошта, хонандаро бешак ба ин роҳи рост ҳидоят мекунанд.
Ашъори маҷмуа бунёди тарбияӣ-ахлоқӣ дошта, ба шахсияти хонанда хоҳ – нохоҳ таъсири мусбат хоҳад расонд. Ва агар ин даст диҳад, муаллиф худро хушбахттарини хушбахтҳо эҳсос менамояд.
Хонандагон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.