Китоби нав. “Назария ва амалияи идоракунӣ”

Муаллифи ин китоб Назарзода Пиралӣ Сафар – номзади илми сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетнги Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ буда, ба он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.Қурбонов ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент С.Исмоилов тақриз навиштаанд.

 Муаллиф китобро маҳсули корҳои илмӣ –таҳқиқотӣ роҷеъ ба бахши назария ва амалияи идоракунӣ меномад ва дар он як силсила мақолаҳои илмӣ  – методӣ, илмӣ- таҳлилӣ ва илмӣ – тақиқотии муаллиф, ки ба самти идоракунии захираҳои инсонӣ, сиёсати иқтисодии давлат, проблемаҳои  умумии рушд, танзим ва масълаҳои дигари ба ин монанд бахши идоракунӣ ва иқтисодиёти кишвар гирд оварда шудаанд.

   Дар сарсухан аз ҷумла мехонем: Мактаби идоракунии халқи тоҷик дорои таҷрибаи бою рангини таърихӣ буда, аз худ мероси арзишмандеро боқӣ гузоштааст, ки осори намуна ва шинохти ҷаҳонии он дар мисоли давлати Сомониииён (асрҳои lX-X)маълуми  ҳамагон гардида буд. Ин мактаб дар давраҳои минбаъдаи инкишофи давлатдории мо точикон, бахусус, дар замони Иттиҳоди Шўравӣ рушду нуму пайдо намуд. Баъд аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ дар соли 1991 ва интихоби роҳи нави ҷомеаи демократӣ марҳалаи нави мактаби идоракунии халқи тоҷик оғоз ёфт.

     Мактаби нави идоракунӣ ба мисли дилхоҳ амали нав, марҳалаи заминагузорӣ ва тағйирпазириро нигарон аст, ки мо онро метавонем, аз роҳи омўзиши таҷрибаи идоракунии давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ва бо бардошт ва хислатҳои хоси миллиамон бунёд намоем. Агентии (раёсати) хизмати давлатии назди Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар айни замон ба ҳайси маркази асосӣ барои баамалбарории механизми идоракунии захираҳои инсонии самти хизмати давлатӣ аз ҷониби кормандони Агентии  хизмати давлатӣ ва Академияи хизмати давлатии назди Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастурҳои тавсиявӣ, китобҳо  ва воситаҳои таълимӣ таҳия ва чоп гардидаанд, ки аксари ин дастурҳо ҳоло ба сифати маводҳои зарурии таълимӣ, барои магистрантҳо ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ хизмат менамоянд.

    Мушкилоти норасогии адабиёти таълимӣ ва методӣ ҳамзамон дар дигар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (махсус дар факултетҳои молиявию иқтисодӣ ва иқтисод ва идора), ки бевосита дар самти ихтисосҳои алоқаманд ба масъалаи идоракунӣ шогирдонро дар зинаи бакалавр, магистр ва доктор аз рўи ихтисос омода менамоянд, ба назар мерасад. Вобаста ба ин, бо назардошти таъмини бештари маводҳои таълимии идоракунии захираҳои инсонӣ, мутобиқ ба андеша, хулосагирӣ ва назари таҳлилии ояндабинии самтҳои таҳқиқоти илмии кафедраҳо, зарурияти бештари таҳияи дастурҳои таълимӣ ва методӣ, инкишофи ҷанбаҳои илмӣ-омўзишии захираҳои инсонии кишвар рўи кор меояд.

 Маҳз бо назардошти муаллиф, ки солҳои 2012-2013 ба ҳайси мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Таҷикистон ) ва солҳои 2016-2018 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ба ҳайси мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ (солҳои 2016-2017) ва инчунин мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг (солҳои 2017-2018) кору фаъолият дошт, дастури мазкурро барои ихтисосҳои самти идоракунӣ ва захираҳои инсонӣ таҳия намуда, манзури донишҷўён, магистрантон ва докторон аз рўи ихтисос мегардонад.

                         Таҳияи Гулрӯ ИСМОИЛОВА