Китоби нав. «Назмшиносӣ»

НазмшиносӣИн дастури таълимиву методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик пешкаш шуда, ба тозагӣ рӯи чоп омадааст. Китоб аз ҷониби доктори илми филологи, профессор Лоло Давлатбеков ва номзади илми филология, дотсент Ёдгор Додихудоев мураттаб шудааст.

Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки поэтикаи сухани манзум, бо истилоҳи дигар «Назмшиносӣ» дар сайри инкишофи таърихӣ аз ҷиҳати вазифа ва маъно таҳаввулу тағйири зиёдеро дучор омадааст. Назмшиносӣ ба фаҳмиши имрӯза хусусиятҳои гуногуни аркони шеър ва ҷиҳатҳои хосу услуби онро меомӯзад. Мақсади асосии ин барнома раҳномоӣ кардани донишҷӯён барои шинохти унсурҳои шаклии шеър ва донистану санҷидани маъно, вазну қофия ва рукнҳои бадеии он мебошад. Шеъри форсӣ – тоҷикӣ дар тули инкишофи таърихӣ махсусиятҳои шаклие пайдо кард, ки онҳо мавриди таҳқиқ ва муҳокимаи донишмандони гузашта қарор ёфта, системаи ягонаи илмиро ба вуҷуд оварданд.

Системаи шеъри тоҷикӣ бо қонунҳои умуми эҷоди  бадеӣ, назариёти адабии қадим ва асрҳои миёнаи халқҳои гуногун робита дошта бошад ҳам, дар асоси заминаҳои иҷтимоию адабӣ ҷиҳатҳои нотакрору мушаххаси худро ба вуҷуд овард. Аз ин ҷиҳат, барои омӯхтану донистани нозукиҳои шеъру адабӣ классикии форсу тоҷик шиносоии муқаддимавие аз илми назмшиносӣ зарур аст. Фанни мазкур ба донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, рӯзона ва ғоибона ва инчунин дар курсҳои дуихтисоса омӯзонида мешавад.

Назмшиносӣ яке аз ҷузвҳои таркибии илмҳои филологӣ буда, донишҷӯён тавассути он дар бораи моҳияти шеър, назари донишмандон нисбат ба каломи манзум, тафовути назму шеър, моҳияти каломи бадеъ, таърихи таҳаввули авзони шеъри форсӣ – тоҷикӣ, қонуниятхои сохтори системаи арӯз, санъатҳои бадеӣ, анвои шеърӣ ва қофияву радиф маълумоти кофӣ мегиранд.

Барои қироати дурусти шеър ва дарки амиқи маънӣ, санҷидан ва баҳо додан ба каломи шоир донистани илми шеър ва нозукиҳои каломи манзум муҳим аст. Назмшиносӣ дар курсҳои аввали муассисаҳои таҳсилоти олӣ дода мешавад ва донишҷӯёни соҳибзавқу хушзеҳнро барои дарки қонунҳои таърихи адабиёт, нозукиҳои назми шифоҳӣ, маърифати адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносӣ омода месозад. Бузургтарин шоирони гузашта афкори адабию ахлоқии хешро дар қолаби муайяни шеърӣ, вазни хушу қофияи зебо ифода намуда, бо санъатҳои бадеии дилкаш оро доданд, ки ҳамаи онҳо ҷузъҳои шеърро ташкил медиҳанд…

Китоби «Назмшиносӣ» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.