Китоби нав. Неъмат Шоҳзоди Сулаймонӣ. “Падармерос”

 Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст. Ба назар мерасад муаллиф кулли ашъорашро дар ҳам ин як китоби ҳаҷман бузург гирд овардааст. Шоири шинохта Хайрандеш ба китоб сарсухан навиштааст, ки меорем.

МЕРОСИ ГАРОНБАҲО

   Китоби «Падармерос» – и устод Неъмат Шоҳзоди Сулаймониро новобаста аз нуқтаи (нуқси) авзонаш бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ сатр-сатр бихонад ва баҳр-баҳр баҳра бардорад. Шўру шавқ ва нодиргуфториҳои ин абармарди чилҳунар хонандаро дар ҳайрат гузошта, ҳамзамон дар замири ў ифтихори баланди миллӣ ва ватандорӣ ва билкул нафосату назофати инсониро тарбия намуда, ўро ба кору пайкор ва мушкилоти рўзгор омода месозад.

    Боварӣ дорам, ки устод Неъмат Шоҳзоди Сулаймонӣ бо ин эҷодиёти худ дар қатори устодон – Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ ва монанди инҳо дар баъзе мавридҳо афзалиятҳо бар ҷониби ў мебошад! «Падармерос» мероси гаронбаҳоест барои ҳар як соҳибфарҳанги миллати тоҷик!

                       Хайриддин Хайрандеш,

                        котиби масъули шўъбаи

                      Қурғонтеппагии иттифоқи

                 Нависандагони Тоҷикистон (2005)

Ин намунаҳо дар “Падармерос”:

Не давлату не савлату не сарвати мо,

Ҳаргиз нашавад барои мо ҳеҷ бақо!

Сарват ҳама ояндаи муҳтоҷӣ бувад,

Чун амри Худо шавад, шавем мисли гадо!

Гарчи гузарад амри равон аз сари ман,

Ҳарчанд  аҷал теша занад бар дари ман,

Ман тан надиҳам ба маргу бар қосиди он,

То канда нагардад зи само ахтари ман!

Эй бандаи хокӣ, ту магар медонӣ?

Дар олами зиндагӣ чу як меҳмонӣ?

Рўзе бирасад канда шавад ахтари ту,

Дубора қадам ба ин ҷаҳон кай монӣ?!

Мизоҷи одами бо ҳар  мақом аст,

Ҳама вобаста  бар хулқу киром аст!

Ҳамин аст,ки яке ҳурматбаланд аст,

Дигар бошад, бурун аз эҳтиром аст!

Китоби “Падармерос”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 Таҳияи Шарофат Мирзоева.