Китоби нав. Нилуфар Воҳидова. “Хумори дидор”

Бо ҳамин ном дар шаҳри Хуҷанд аввалин маҷмӯаи шеърҳои шоираи ҷавон Нилуфар Воҳидова аз чоп баромад. Нилуфар набераи шоираи маъруфи кишвар Нориниссо буда, ин шабу рӯз дар шаҳри Тулаи Федартсияи Русия зиндагонӣ мекунад. Шеъҳояшро бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ менависад, аз ин рӯ нахустинмаҷмӯаи ӯ низ бо сарсухани ду шахсияти шинохта: Елена Печерская (Русия) ваХДН (1) Муаттар Ғаниева (Хуҷанд) ба чоп расидааст.

Елена Печерская – шоир, тарҷумон, адабиётшинос ва дорандаи чандин ҷоизаҳои адабии Русия дар гузашта тарҷумони русии ашъори шоира Нориниссо буд ва дар сарсуханаш дар бораи шиносоӣ бо шоираи шинохтаи тоҷик, алоқааш ба шеъру адаби форсӣ ва бардоштҳояш аз аввалин нигоштаҳои Нилуфр бо ду забон ибрози назар кардааст.

Муаллиф дар оғзи китоб “Хумори дидор” ном гиифтани китоби нахустианшро ин гуна шарҳ додааст: “Хумори дидор” унвони тасодуфӣ нест, зеро хумори дидори рафтагон лаҳза ба лаҳза месўзадам ва “туфайли” ин сўзишҳо маҷмўае тавлид ёфт, ки саропо ифшогари гудозҳои ниҳони замири мананд…Чун дарси зиндагиву дарси шуҷоату дарси ҳақиқату адолатпарвариро аз модарбузурги оқилаву донишгустарам омўхтаам, ҳамчун самараи тарбияву роҳнамоии пайвастаи эшон ҳар ҳарфу нуқтаи ашъори нахустини худро ба равони покашон мебахшам бо умеди он, ки ҳамеша ризо ва дуогўи абадиям бошанд…”

 Муаттар Ғаниева, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон менависад: Сайр дар гулистони сухан барои ин бонуи ҷавони саропо истеъдод дар ҳақиқат бегона нест, зеро Нилуфар нахустнабераи шоираи беназиру сеҳрсухану ширинбаён-Норинисои зиндаёд аст. Меҳри қалам дар тинати ў аз лаҳзаҳои ба дунё омаданаш ҷойгир шуда буд. Нилуфар аз овони кўдакӣ шеър мегуфт, дар мавзўъҳои мухталиф мақолаву ҳикояҳо эҷод менамуд, чун ба гуфти худаш, ҳам назму ҳам наср барояш баробар азизанд.

Чуноне огаҳӣ дорам, Нилуфар умри худро мехост бо соҳаи иқтисод бипайвандад, аммо истеъдоде, ки дар сиришти ў ирсӣ асту сокини абадист, аз худ ҳар гоҳе дарак медод ва намегузошт то ў қалами буррояшро аз даст сўе гузорад. Баробари бузург гаштан муҳаббаташ низ нисбати адабиёту суханофарӣ зиёд мешуд. Ниҳоят, лаёқати волои Худовандӣ пирўз шуду Нилуфар ба қисмати эҷодиаш таслим гардид. Дарк кард, ки акнун бояд нависад ва ба офаридани сатрҳои пурмазмуни хеш пардохт:

Ман аз дарду ситам бояд нависам,

Ман аз ранҷу алам бояд нависам.

Чӣ хуш, қалбе агар таскин бубахшам,

Ман аз шўри қалам бояд нависам.

Китоби “Хумори дидор” ахиран дар нашриёти “Тоҷпринт” ба теъдоди 500 нусха чоп шуда, шеърҳои ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ навиштаи Нилуфар Воҳидоваро дар бар мегирад. Алоқамандони шеър  китобро метавонанд аз ин ҷо дарёфт ва мутолиа кунанд:

“ХУМОРИ ДИДОР”