Китоби нав. Нодирҷон Солиҷонов: “Сарчашмаи арзишҳои маънавӣ”
Китоби Нодирҷон Солиҷонов бо номи «Сарчашмаи арзишҳои маънавӣ» соли 2023 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд ба таъб расида, ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ҳам дастрас шудааст. Ин китоб ба фаъолияти зиёда аз садсолаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷаи Асирӣ бахшида шудааст.
Китоби «Сарчашмаи арзишҳои маънавӣ» ба тахрих, нигоҳдорӣ ва ҳифзи мероси хаттӣ, фаъолияти хидматрасонии китобиву нашрии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба аҳолии кишвар бахшида шудааст. Ин китобхона 106 сол аст, ки фаъол аст ва тӯли ин беш аз як аср садҳо дастурҳои илмиву китобномаҳо нашр кардааст, барои миллионҳо нафар дари илму маърифат боз кардааст.
Китобхонаи вилоятӣ аввалин китобхонаи оммавӣ буда, моҳи марти соли 1917-ум, пеш аз Инқилоби Кабири Октябр дар назди Гарнизони ҳарбии Россияи подшоҳӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта, ба кулли мардуми шаҳр ва гирду атрофи он хидмати китобӣ расонидааст. Махсусан инкишофу пешрафти фарҳанги халқи тоҷик, китобу китобдорӣ дар давраи Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тахти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона тасвир карда шудааст.
Дар китоби мазкур саҳми асосгузорони китобхонаи гарнизонӣ ва минбаъд китобхонаи шаҳрӣ, вилоятӣ, байниноҳиявӣ ва вилоятии оммавӣ дар асоси сарчашмаву ҳуҷатҳои бойгонӣ, идораи фарҳанги вилоят, китобхонаи вилоятӣ, хотираву андешаҳо ва маводҳои худи муаллиф ба қалам дода шудаанд.
Хонандагони азиз метавонанд бо китоби
“Сарчашмаи арзишҳои маънавӣ”
дар Китобхонаи миллӣ шинос шаванд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд