Китоби нав. Носир Назарзода: “10-сол сарвари ВКД”

Носир НазарзодаИн китоб, ки ба тозагӣ интишор ёфтааст, дар бораи давраи роҳбарии собиқ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович нақл мекунад. Номбурда солҳои 1996-2006 сарвари ин ниҳоди бузурги давлатиро ба душ дошт.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар пешгуфтори китоб овардааст:

Дар  ташаккули сиёсӣ, иҷтимоӣ –иқтисодӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо ёшахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо ба таърих ва сарнавишти роҳбарии онҳо пайванди ногусастанӣ доранд.

Дар арсаи таърих сиёсатмадорони зиёде меоянду мераванд. Аммо як зумраи ками онҳо ҳамчун ситораи дурахшон дар осмони таърихи халқу миллаташон абадан боқӣ мемонад. Бо камоли ифтихор метавонем бигӯем, ки яке аз чунин абармардони дунёи сиёсат зиндаёд Ҳомиддин Шарифов мебошад. Дар давраи сарвари ВКД кор кардани Ҳомиддин Шарифов бузургтарин ҷиноят-аз тарафи бархе аз маҳалгароён бо шарикдастии қувваи сеюм Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ  кашида буд, ки дар саҳифаи таърихи халқи мо чун доғи абадӣ монд.

Охири асри ХХ барои ҷомеаи Точикистон марҳилае буд басо тақдирсоз. Зеро ваъи сиёсие, ки кишвари азизи тоҷиконро саросар фаро гирифта буд, ба сари мардум ноҷӯриҳову носозгориҳою, хавфу хатари зиёд, парокандагӣ, ҳаҷр ва дурӣ аз ёру диёрро бор кард. Ҷомеа рӯди дамидаеро мемонд, ки мавҷҳояш пурталотум буданд, меғуриданд, тӯфон мекарданд, майли аз моҷаро баромадану сар заданро доштанд.

Ба ибораи устод Мирзо Турсунзода “Киштии башар ғарқ ба дарёи бало буд”. Оммаи бепушту бепаноҳ дасти дуо бардоштааву рӯ ба само оварда мегуфт;

Киштинишастагонем, эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем он ёру ошноро.

Барои расидан ба ҳадафҳои наҷиб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зарур буд, ки дар кори интихоби кадрҳои роҳбарикунанда кӯшиши бештаре ба харҷ диҳад. Инсонро аз рӯи  сурат шинохтан душвор аст. Нафароне буданд, ки пас аз гирифтани мансабе дар ин ё он вазорату кумита худро ҳокими мутлақ мепиндоштанд ва ба ҳар навъе,ки мехостанд, амал карданӣ мешуданд. Аммо роҳбари давлат  ба чунин мансабдорон имконият надод ва эшонро аз рӯи шоҳроҳи халқ дур намуд, аз ин миён нафаре лозим буд, ки Вазорати корҳои дохилиро роҳбарӣ ва амнияту оромиро дар пойтахт ва атрофи онро ба танзим дарорад.

Вазорати корҳои дохилӣ нуфузи хешро то андозае аз даст дода буд ва далели ин роҳ ёфтани афроди нолоиқу тасодуфӣ ба ҳайати роҳбарикунандаву сафҳои он буд. Маҷмуан чи касе метавонад маснади вазириро лоиқ бошад?

Аз нигоҳи гузаштагон вазир пас аз подшоҳ шахси обрӯмандтарин  ва байни шоҳу раият ва корҳои хайр бояд воситачӣ бошад.

Вазири халқро пушту паноҳ ва подшоҳро дар умури халқ мададгор аст.

Вазир бояд дорои хислатҳои ҳамида бошад ва тарғибкунандаи адлу инсоф, илму фарҳанг, сулҳу сафо, дӯстиву бародарӣ, иттиҳоди раият, поки, номи нек, ростӣ, олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ, ҷасорат шикебоӣ, қавипаймонӣ дар замираш бошад. Вазир агар чунин хислатҳоро доро бошад, дар маснади худ побарҷову тӯлони меистад.

Ниёгони мо ин қоидаҳоро барои вазирони гузашта таъкид карда буданд ва агар ба чашми хирад бингарем, дар замони ҳозира низ бояд дошта бошанд. Вазири генерал-полковник Ҳомиддин  Шарифов мисоли рӯшани гуфтаҳои болост.

Замоне, ки Ҳомиддин Ҳасанович Шарифовро ба ин вазорати қудратӣ роҳбар таъин намуданд, миллат ҳануз захмҳои хуншор дошт.

Оромии мутлақ вуҷуд надошт ва террору ҷинояткорӣ дар авҷ буд. Дуздии моликяти ҷамъиятиию шахсӣ, куштор, ғорат, таҷовуз ва дигар ҷиноятҳо як кори маъмулӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳомиддин Шарифов дар кӯтоҳтарин муддат вазъиятро дар вазорат омӯхтаву бо таҷрибаи бузурги хеш такя намуда, ба он вазифае, ки Роҳбари давлат наздаш гузошта гузошта буд, муваффақ шуд. Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хидмати шоёни ин фарзанди олиқадри миллати тоҷик арҷ гузоштаву 19 феврали соли 2003  эшонро ба яке аз олитарин мукофотҳои Ватан-ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ намуданд. Аммо мукофоти беҳтарин ҳамоно  боварии халқу Ватанро ба даст овардан аст, ки ба ин мукофот Ҳомиддин Шарифов солҳо боз ноил гардидааст. Некин инсонҳоро шумурдан амри халқ аст.

Китоби “10 сол сарвари ВКД”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Гулистон ЛУНДИШОЕВА