Китоби нав. Носирҷон Маъмурзода: «Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо»

НосирчонДар нашриёти «Ирфон»-и шаҳри Душанбе китоби нави муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав Носирҷон Маъмурзода таҳти унвони «Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо» чоп шуд.  Асари мазкурро, ки аз 294 саҳифа иборат аст, шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” барои чоп тавсия додааст.

Китоб дар шакли маҷмуаи мақолаҳои илмӣ таҳия гардида, ҷанбаҳои таърихӣ, вазъу ҳолат ва мавзуву муҳтавои воситаҳои ахбори оммаи маҳаллии Тоҷикистонро дар даҳ соли охир дар се фасл фаро мегирад.

Дар фасли аввал мақолаҳои илмии марбут ба таҳқиқи таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон, дар фасли дуюм пажӯҳишҳо доир ба муаммоҳо ва дурнамои рушди ВАО-и маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ташаккули вазифаҳои нави ВАО, масъалаҳои таҳқиқи илмӣ, таҳсилоти журналистӣ ва дар бахши сеюм баҳси масъалаҳои касбии рӯзноманигорӣ ҷой дода шудаанд.

Профессор Мурод Муродӣ дар пешгуфтори китоби тозанашр навиштааст, ки «ин китоб масъала ва мавзуъҳои гуногуни рӯзноманигориро фаро гирад ҳам, объекти таҳқиқ ВАО-и минтақаи Хатлон, бахусус матбуоти даврии он аст. Фаъолияти чандсолаи муаллиф ба ҳайси масъули бахши иттилоот дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармуҳаррири нашрияи вилоятии «Хатлон» барояш имкон фароҳам овардааст, ки ҳолат ва авзои воситаҳои ахбори вилоятро хуб омӯзад, мушкилот ва монеаҳои мавҷударо ошкор созад ва баҳри ҳаллу ислоҳи камбудиҳои мақомоти дахлдор саҳм гирад. Ба ин мазмун, дар пажуҳишҳои ӯ мушоҳидаҳои рӯзноманигорӣ, фикри иҷтимоӣ, таҳлили мантиқӣ ва назари интиқодӣ паҳлуи ҳам омадаанд».

Маҷмуаи «Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо» дар илми рӯзноманигории тоҷик саҳифаи нисбатан тоза буда, барои муҳаққиқони соҳаҳои ВАО ва таърих, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни факултаву шуъбаҳои рӯзноманигорӣ судманд арзёбӣ мешавад.