Китоби нав: «Нури хирад дар масири таърих» (Маҷмуаи мақолаҳо ва хотираҳо)
Китоби мазкур ба ифтихори 68-солагии зодрӯзи донишманди маъруф Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ таҳия шудааст. Дар ин маҷмуа мақолаҳои илмӣ,тақризҳои адабӣ ва хотироти ҳамкасбону шогирдон гирд оварда шудаанд, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти пурмаҳсули устодро ҳамчун муаррих, донишноманавис ва шахсияти таъсиргузор дар илму фарҳанги муосири тоҷик инъикос мекунанд. Мақолаҳо аз ҷониби Маҳмадвалӣ Зиёев мураттаб шудаанд.
Дар пешгуфтори китоб мехонем:
Таърихи ҳар як миллат бо номи фарзонафарзандоне пайванди ногусастанӣ дорад, ки умри пурбаракати хешро сарфи шинохти аслу насаб, эҳёи суннатҳо ва тақвияти ҳувияти миллӣ намудаанд. Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ аз зумраи чунин шахсиятҳои камназир аст, ки дар илми муосири тоҷик ҳамчун муаррих,донишманди соҳибмактаб ва энсиклопедиянависи забардаст шинохта шудааст.
Ин маҷмуа, ки бо унвони «Нури хирад дар масири таърих: маҷмуи мақолаҳо ва хотираҳо» пешкаши хонандагон мегардад, кушишест барои ҷамъбасти корномаи илмӣ ва баёни эҳтиром ба фаъолияти фидокоронаи ин донишманд. Маводҳои гирд овардашуда дар ин китоб на танҳо симои устодро ҳамчун пажӯҳишгари дақиқбин, балки ҳамчун инсони хоксор,меҳнатдӯст ва устоди тарбиятгар бозгӯӣ мекунанд.
Фаъолияти Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии «Энсклопедияи миллии Тоҷик» марҳалаи наверо дар донишноманависии тоҷик боз кард. Таҳти роҳбарии ӯ нашри силсилаи энсклопедияҳо ва донишномаҳои бузурги фарҳангӣ ба як ҷараёни муназзами илмӣ табдил ёфт, ки дар он дастовардҳои таърихӣ ва тамаддуни ориёӣ бо дидгоҳи муосир ва методологияи дақиқ таҳқиқ шудаанд. Комёбиҳои ин муассиса дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла гирифтани ҷоизаҳои озмунҳои бонуфузи «Санъати китоб», далели равшани сифати баланди кори устод ва шогирдони ӯст.
Дар мақолаҳо ва хотироти шогирдону ҳамкасбон, ки дар ин маҷмуа гирд омадаанд, мо шоҳиди он мешавем, ки чӣ гуна устод Амиршоҳӣ бо риояи асли «меросбарии илмӣ», анъанаҳои академик Муҳаммад Осимиро идома бахшида,дар ҷодаи таҳқиқи давлатдории тоҷикон (бахусус давраҳои Ғуриён ва Куртҳои Ҳирот) саҳифаҳои наверо боз кардааст. Ӯ на танҳо таърихро меомузад, балки онро чун сипари боэътимод дар муқобили хатарҳои фарҳангии замони ҷаҳонишавӣ барои насли имрӯз истифода мебарад.
Ҳангоми таҳияи ин маҷмуа, ҳадафи асосии мо он буд,ки нақши барҷастаи устод Нурмуҳаммад Амиршоҳиро ҳамчун яке аз меъморони маънавии замони истиқлол ба таври шоиста инъикос намоем. Мо талош кардем, то бо гирдоварии ин навиштаҳо, ки ҳар кадом аз дидгоҳи мухталиф ба фаъолияти ӯ баҳо додаанд,як манзараи мукаммали илмӣ ва инсонии ин фарзонафарзандро фароҳам оварем. Умедворем, ки хонандаи гиромӣ дар ин саҳифаҳо на танҳо маълумоти таърихӣ, балки илҳоми зиндагӣ ва муҳаббат ба миллатро дарёфт хоҳад кард.
Умед аст, ки ин маҷмуа, барои доираи васеи муҳаққиқон, донишҷӯён ва кулли дӯстдорони илму адаб ҳамчун сарчашмаи муътамади маърифат хидмат кунад. Муҳимтар аз ҳама, ин китоб ба хонанда нишон медиҳад, ки чӣ гуна як фарди фидоӣ метавонад бо заҳмати шабонарӯзӣ, садоқат ба касб ва муҳаббат ба Ватан, нури хирадро дар масири таърихи миллат фурӯзон нигоҳ дорад ва номи хешро дар саҳифаҳои заррини таърих ҷовидон созад. Бо мутолиаи ин сафҳаҳо, мо на танҳо бо корномаи як олим, балки бо раҳнамуни зиндагии шахсияте ошно мешавем, ки зиндагиаш саросар ибрат аст,
Китоби «Нури хирад дар масири таърих» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Адиба Мардонзода,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.