Китоби нав. Нурсултон Назарбоев: “Зиндагии ман”

Нурсултон-НазарбоевБунёди Нурсултон Назарбоев китоби аввалин Президенти Ҷумҳурии  Қазоқистон Нурсултон Назарбоев  “Зиндагии ман. Аз вобастагӣ то озодӣ” (Моя жизнь. От зависимости к свободе)ро ба Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд.

Дар китоби ёддоштиаш Президенти собиқи Қазоқистон ба масири зиндагиаш, доир ба давраву зинаҳои гуногуни рушди истиқлоли кишвар, ташхиси пешрафту нокомии давлаташ навиштааст. Муаллиф доир ба лаҳзаҳо ва дарсҳои талхе, ки инъикосгари азобҳои бузурги зиндагии пурмашаққаташ мебошад,  қисса мекунад.

Андешаронии роҳбари собиқи кишвари Қазоқистон, ки ин кишварро дар душвортарин солҳои истиқлолаш сарварӣ намуд ва ба як мамлакати пешрафтаи минтақа табдил дод, парчами истиқлолро дар фарози кишвараш партавфишон кард, Қазоқистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шиносонд, худ як дарси омӯзишист.

Ин китоб, бидуни шак барои наслҳои оянда як раҳнамоест. Раҳнамо барои онҳоест, ки дар майдони доманфарохи сиёсат чавгони сарварӣ мехоҳанд зананд ва масиреро тай кунанд, ки мамлакатро ба рушди бесобиқа расонад. Ва чӣ масири душворест масири роҳбарӣ.

Нурсултон Назарбоев ба сони як пири раҳнамо мехоҳад бо нақл аз зиндагиномаи худ ояндагонро раҳнамоӣ кунад ва бигӯяд, ки ин ҳама роҳе, ки мераванду ё рафтанианд, пуршебу фароз аст ва тахту ҳамвор нахоҳад буд. Ва роҳбари оянда бояд ҳам ба нокомиву ҳам ба комравоӣ худро омода созад.

Китоби “Зиндагии ман. Аз вобастагӣ то озодӣ” (Моя жизнь. От зависимости к свободе)-ро шумо, хонандагони азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолеа намоед.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа