Китоби нав. Ойниёл Назриева. “Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон”

 Дар маҷмӯаи мақолаҳо таҳқиқи масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ иҷтимоӣ, баррасии муваффақиятҳо дар ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши ҷиҳатҳои гуногуни ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир ва дигар мавзӯъҳо таҳлил ва баррасӣ шудааст.

Маҷмӯаи мазкур барои хизматчиёни давлатӣ, муҳаққиқон, таҳлилгарон, омӯзгорон ва шахсоне, ки ба масъалаҳои идеяи миллӣ, истиқлол, пойдории сулҳу суботи давлат ва ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

 Дар пешгуфтор омадааст: Равандҳои гуногуни ҷаҳоншавӣ ва масъалаҳои ба вуҷудомадаи муосир аҳли илм ва неруи ақлонии кишварҳои рӯ ба рушдро водор месозад, ки бештар аз пештар дар баррасии муваффақиятҳо истиқлоли бадастомада талош варзида, таҳқиқи саривақтии мушкилот ва вазъи бавуҷудомадаро таҳлил намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро  пешниҳод намояд.

 Муаллифи маҷмӯаи мақолаҳо аслан, тафаккури истиқлолхоҳӣ ва парастиши сулҳу амониро ташвиқ намуда, дар роҳи душвор аз заҳмати шахсиятҳои муосир ва таърихии Ватан ёдрас мегардад, ки бо хатти заррин сабт хоҳанд гардид. Махсусан, арзёбии хосси мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳ ба хусусиятҳои Паёмҳои ироагардида, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади тақдирсоз, дарёфти арзиши таҷлили Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, аҳамияти осори пурмуҳтавои ниёгон ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи Тоҷикистон, ба монанди хатари тафаккури клипӣ ба зеҳнияти наслим оянда,ифротгароӣ дарҷ гардидаанд.

Дар маҷмӯа на танҳо ҷиҳатҳои истиқлолхоҳии мардуми азалиҳикмати тоҷик, балки идеологияи созандаи 30 – солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷойгоҳ ва аҳамияти он барои густариши сулҳу амонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ иброз мегардад….

Китоби “Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Муҳаббатова М.