Китоби нав. Ҳоҷӣ Собирҷон Абдураҳимов. “Дӯстлик карвони” (Корвони дӯстӣ)

uzbakИн китоб чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд бо забони ӯзбекӣ чоп шуда ва нусхаҳое аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам расид. Муаллиф Ҳоҷӣ Собирҷон Абдураҳимов, муҳарир Абдурашид Учкун. Тавре аз номаш пайдост, китоб дар бораи дӯстӣ миёни ду кишвари ҳамсоя: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳикоят мекунад.

Баъди солҳои зиёд, ҳудуди сӣ сол бори дигар рӯзи 21-уми июни соли 2022 ҳаракати қатор аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд ва дар ин рӯз аз шаҳри Душанбе қатор ҷониби Тошканд роҳ пеш гирифт. Ин як навиди фараҳбахш буд ва дар китоби дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳифаи нав боз кард. Собиқадори роҳи оҳан Ҳоҷӣ Собирҷон Абдураҳимов яке аз мусофироне буд, ки дар ин қатор менишаст ва масиреро, ки солҳои пеш борҳо тай карда буд, дигарбора тай мекард.

Ҳоҷӣ Собирҷон Абдураҳимов аз соли 1971 дар роҳи оҳан кор мекард ва масъули вагонҳое буд, ки ҳамеша аз Душанбе ба Тошканд мерафту меомад. Вай ҳоло аз он шод аст, ки баъди таътили сисола ин қатор ба сони як корвони дӯстӣ ба роҳ баромад ва аз таҳкими равобити ҳасанаву бародарӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон паём дод.

Ҳоҷӣ Собирҷон Абдураҳимов баъди бозгашт аз сафари Тошканд ҳамин китобчаро навишт ва аз таърихи куҳан ёд карду умедвори он шуд, ки ин дӯстӣ камол ёбад ва то абад миёни ду халқи бародар таронаи абадзиндаи дӯстӣ садо диҳаду парчами он боло бошад.

Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фазолат ТАҒОЕВА, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Тоҷикитсон.