Китоби нав. “Қомуснигори Канди куҳан”
Ин китоб, ки ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст, ба фаъолият ва осори бойгоншиноси маъруф шодравон Шамсиддин Зоҳидов бахшида шуда, аз хизматҳои шоистаи ин зиёии заҳматкаш ва эҷодкор дар таҳқиқи таърихи Конибодом дар садсолаи охир ва муаррифии кору пайкори фарзандони фарзонаи ин куҳандиёр ҳикоят мекунад.
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба китоб муқаддимае навиштааст бо номи “Фарзанди барӯманди диёр”, ки дар зер меояд.
Соли 2021 дар таърихи халқи тамаддунофари тоҷик ҳамчун санаи мубораки 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. З0 сол дар назди таърих замони хеле кутоҳ аст, вале дар тўли ин се даҳа мардуми Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини ваҳдату ягонагии миллат, ташаккули давлатдории миллӣ, густариши раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвар, афзудани эътибору нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳое ноил гаштанд, ки онҳо барои дигарон шояд дар тўли садсолаҳо насиб нагашта бошад. Ин дастовардҳои миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии Пешвои миллат дар атрофи Сарвари муаззами худ муттаҳид гардидани мардуми заҳматқарини Тоҷикистон аст, ки месазад аз он ифтихор ва дар айни замон шукргузорӣ кард. Дар партави ин сиёсати хирадмандона ва созанда куҳандиёри Конибодом низ аз нав ҷавон ва маъмуру ободон гардида, ба маҷрои созандагиву бунёдкориҳои тоза ворид шудааст ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ба пешрафтҳои назаррас ноил гаштааст.
Яке аз ин гуна номоварони Конибодом фарзанди барўманди диёр, зиёии заҳматкаш ва эҷодкор, собиқ сарвари бойгонии давлатии байнишаҳрӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон шодравон Шамсиддин Зоҳидов ба шумор меояд.
Ҳаёт ва фаъолияти устод Шамсиддин Зоҳидов намунаи беҳтарини як зиёии соҳибмаърифат ва инсони соҳибдилу ватанпарвар аст, ки тамоми умр ба ҷабҳаи интихобкардаи хеш содиқ мондаанд. Шодравон чун омўзгор ва бойгоншиноси асил натанҳо ба тарғиби таърихи диёр, балки ба таҳқиқу омўзиш ва равшан намудани саҳифаҳои омўхтанашудаи он бо масъулияти тамом машғул буданд.
Хизматҳои Шамсиддин Зоҳидов дар мукаммал намудани маълумоти таърихии шаҳри Конибодом, тавассути матбуот бо мардум муаррифӣ кардани ҳаёту фаъолияти фарзандони фарзонаи шаҳр, ки корномаашон аз мадди назарҳо дур мондаанд, бузург аст. Устод на танҳо дар бойгониҳои давлати ҳамсоя ва шаҳрҳои Хуҷанд Душанбе асноди таърихиву бойгонӣ ҷамъ меоварданд, балки хона ба хона мегаштанд, ба ташкилоту муассисаҳо мерафтанд, бо одамони кордидаву рўзгордида, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходимони илму фарҳанг, собиқ сарварони ташкилотҳои ҳизбиву шўравӣ, истеҳсоливу фарҳангӣ сўҳбатҳо намуда, ҳуҷҷат ва маълумотҳо ҷамь меоварданд. Дар натиҷаи чунин фидокории Шамсиддин Зоҳидов бойгонии шаҳрамон на танҳо ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаҳои соҳа дар ҷумҳурӣ эътироф гардид, балки он ба коргоҳи таҳқиқи таърихи диёр табдил ёфт ва корҳои муҳиммеро дар шинохти гузаштаву имрўзи Канди куҳан анҷом дод. Аз ҷумла, устоди зиндаёд Шамсиддин Зоҳидов даҳҳо китобу рисола ва мақолаву маълумотномаҳо дар заминаи маводҳои бойгонӣ доир ба таърихи Конибодом дар солҳои душвори барқарории сохти шўравӣ, тақдири даҳҳо ҳамдиёрони бегуноҳ ва беасос дар солҳои таъқиботи оммавӣ маҳкумшуда, қаҳрамонии сорбозони ғаюри конибодомӣ дар ҷабҳаҳои ҷанги хонумонсўз зидди фашистони гитлерӣ, саҳми фарзандони фарзонаи шаҳрамон дар тараққиёти ҷумҳурӣ ва ғайра таълиф карданд. Дар миёни осори Шамсиддин Зоҳидов китобҳои «Таърихномаи шаҳидон» ва «Солномаи Конибодом» шоистаи таъкиди махсус ҳастанд, зеро онҳо дар навъи худ аз аввалин корҳо дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешуданд ва минбаъд дар мавриди пайравии дигарон қарор гирифтанд.
Таҳия ва ба нашр расонидани қомуси «Конибодом» дар соли 2006 аз хизматҳои бузурги Шамсиддин Зоҳидов ва маҳсули фаъолияти бисёрсолаи бойгоншиносӣ ва таҳқиқии устод мебошад, ки он байни кулли зодагони диёри куҳанбунёдамон маълуму машҳур гардида, ба китоби рўимизии ҳар яки онҳо табдил ёфтааст.
Хидматҳои бедареғи Шамсиддин Зоҳидов бо унвонҳои ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи СССР, Аълочии бойгоншиносии СССР, ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва даҳҳо сипосномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Устод байни мардуми Канди бостон ҳамчун инсони нексиришту хоксор, соҳибдилу маърифатпарвар ва фидоии таърихи диёр эътибори хоса доштанд ва гули сари сабади маҳфилу анҷуманҳо буданд.
Имсол аз зодрўзи Шамсиддин Зоҳидов 90 сол сипарӣ мешавад. Зиндагии ҷисмонии устод даҳ сол пеш ба анҷом расида буд, вале ҳаёти маънавии он кас тавассути китобу мақолаҳояшон доир ба таърихи диёр идома дорад. Имрўз бойгонии шаҳрамон, ки Шамсиддин Зоҳидов солҳо дар ин даргоҳ фаъолият намуда буданд, номи устодро дорад ва анъанаҳои кору фаъолияти он касро идома медиҳад.
Китоби ҳозир, ки ба муносибати 90 – солагии Шамсиддин Зоҳидов ба нашр расидааст, далеле аз мероси гаронбаҳои эшон барои наслҳои имрўзу фардои диёр дар омўзиши таърих ва корномаи бузургони Канди куҳан аст. Ин мероси пурарзиш ва хизматҳои Шамсиддин Зоҳидов дар зинда нигоҳ доштани таърихи Конибодом ва бузургмардони он номи неки устодро дар қалби мардуми диёр абадӣ зинда хоҳад дошт.
Таҳияи Шарофат Мирзоева.