Китоби нав. Қозиён Шариф Қозӣ: «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдат»
Ин китоб бо қарори Шурои илмию методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба чоп тавсия шудааст.
Дар рисола роҷеъ ба мафҳуми Вахдат, паҳлуҳои гуногуни он, азму талошҳои Пешвои муаззами миллат бобати бештар ва амиқтар ба мардум, билхосса ҷавонон фаҳмондани моҳият ва арзишҳои башарии ваҳдати миллӣ маводи муътамад ва арзишманд фароҳам омадааст.
Китоб аз силсилаи мақолахои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ мураттаб гардида, бобати ғанӣ гардиданӣ ҷаҳони маънавии хонанда нақши муҳим мегузорад ва доир ба ҷанбаҳои назарӣ ва амалии ваҳдати миллӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти муътамад медиҳад. Ҳамчунин дар мақолаҳои ҷудогона Паёмҳои Пешвои миллат аз лиҳози хронологӣ ташреҳ гардида, накши онҳо дар рушди тадриҷии тамоми самтҳои хаёти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол илман асоснок шудаанд.
Китоб барои сиёсатшиносон, муаррихон, устодон ва шогирдони донишгоҳхо, пажӯҳандагони таърихи ваҳдати миллӣ, унвонҷӯён, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва оммаи васеи ҳонандагон пешниҳод мегардад.
Тавре номзади илмҳои ҳуқуқ Турабек Назарзода дар муқаддима ба китоб менависад, олим ва публитсисти варзида дар китоби наваш доир ба марҳилаҳои таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди кишвар, буҳрони иқтисодӣ ва сиёсии солҳои гуногун, давраи нави таърихи тоҷикон дар оғози солҳои 90-ум қарни гузашта ва ибтидои қарни ХХ, парокандашавии ҷомеа дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои бемаънии он, иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятии фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми вай дар таъмини пойдории сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон, дастовардҳои муҳими замони истиқлол, нақши шахсии Президенти кишвар дар таъмини рушди устувори сиёсии мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маориф, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёту зиндагии мардум дар тӯли беш аз 30 соли охир ба таври мухтасар, фаҳмо ва дастрас маълумоти дорои арзиши сиёсӣ ва таърихӣ медиҳад.
Хонандагон китоби Қозиён Шариф «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдат»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.