КИТОБИ НАВ. “Пешвои миллат – эҳёгари тамаддуни ҷаҳон”
Китоби мазкур аз муаррифии хонандагон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” оғоз мешавад ва мақолаҳоеро низ гирд овардааст, ки зарфи ду-се соли охир дар матбуоти даврӣ дар бораи фаъолияти созандаву таърихии Сарвари кишвар чоп шудааст.
Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон – сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар сарсуханаш ба китоб навиштааст:
Дар таърихи адабиёти башарӣ тазкираву асарҳои назмиву насрии воқеан таърихии зиёде ҳастанд, ки мо бо мутолиаи ин гуна китобу тазкира ва таърихномаҳо аз фаъолият, ҳаёту корнамоӣ ва раҳнамоиҳои шоҳону сарварони инсондӯсту одил ошно шудаву дар ҷавонмардиву инсондӯстӣ ва дунёкушоиҳои давлатдорони гузашта маълумот пайдо мекунем.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар ин давра, пеш аз ҳама, ташкили давлати мустақилу озод ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мерафт. Бо дурандешиҳо ва тадбирандешиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ноорому сиёсии кишвари соҳибистиқлоламон, хомӯш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор сохтани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон, бо мақсади таҳким бахшидан ва омода сохтани шароити мусоид ва таъмини мутахассисони соҳибкасб дар тамоми қишри ҷомеаи навбунёди миллӣ аз ҳисоби кадрҳои милливу кордон ва корозмуда, олимону донишмандони варзида, барои ояндаи ҷомеа чораҳои судманд андешидан дар ин самт, инчунин, дар таҳкими пояи давлатдории навини мо ва амалисозии ормон ва ҳадафҳои деринаи мардуми мо муҳим арзёбӣ мешуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди ҷомеаи нав бо созандагиву таҳким бахшидани сохти давлатдорӣ дар кишвар, ки кори басо дандоншикан буд, дар беш аз чоряк аср тавонист, ки чунин як кишвари соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва тамаддунофарро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Ҳамзамон, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлол, ки барои рушду нумуи ҳар як соҳаи тахассусӣ дар қишри ҷомеа як фазои созандаро фароҳам овардааст, Тоҷикистон бо роҳбари тавонову оқили худ давра ба давра тавонист ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, ҳамкориҳои муштаракро бо кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда, инчунин, дар самаранок гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар сол ба сол фаъолиятро хубтар намуда, ифтихор аз гузаштаву имрӯзаи гулгулшукуфонии кишвари пурбаракат кунад.
Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаву маърӯзаҳои олимону донишмандон, адибон ва ходимону кормандони баргузидаи кормандони вазорату идораҳои кишвар, ки дар маҷаллаву рӯзномаҳои илмию оммавии кишвар вобаста ба фаъолияти воқеан, таърихиву аҳамияти бузургдоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида буданд, ҷамъоварӣ намуда, дар шакли китоб зери унвони “Пешвои миллат – эҳёгари тамаддуни тоҷикони ҷаҳон” таҳия ва нашр намоем, ки мураттиби он Давлатҷон Муҳиддинов мебошад.
Муҳтавои навиштаҳои муҳаққиқону олимон, адибону аҳли зиё, сиёсатмадорон ва дигар афроди қишри ҷомеа худ далел бар он аст, ки ҳар як сухани онҳо ба қадршиносиву эҳтиром ва сифати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда мебошад ва Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни мардум ва аҳли башар номдору шуҳратманд гардидаву бо мактаби сиёсатмадории хеш дар давлату давлатдорӣ мақому манзалати хоса касб кардааст.
Китоби мазкур армуғонест беназиру беҳамто, ки бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми аҳли зиё, наврасону ҷавонон ва бедордилони марзу буми кишвар – фарзандони содиқи Ватан бо муаррифии ҳаёту фаъолияти беҳамтои Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо мегардад.
Китоби “Пешвои миллат – эҳёгари тамаддуни тоҷикони ҷаҳон”-ро Давлатҷон Муҳиддинзода мураттаб намудааст. Санифа Тағоймуродзода, Ҷаҳонгир Саъдизода, Баҳром Исмоилзода ва Ҳофиз Азиззода муҳаррирони ин китобанд.
Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоянд.
Таҳияи Бунафша Раҳмонова.