Китоби нав. “Пешвои миллат–Пешвои Наврӯз”
Чунин ном дорад китобе, ки ба тозагӣ бо талоши факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ чоп шудааст. Он маҷмуаи мақолаҳои конфронси илмӣ-ҷумҳуриявӣ зери унвони “Пешвои миллат –Пешвои Наврӯз” аст, ки дар шаҳри Душанбе доир шудааст.
Ректори ДДОТ А. Ибодуллозода, ки мураттибон суханронии ӯро дар конфронс чун пешгуфтори китоб интихоб кардаанд, гуфтааст: Наврӯз ҳамчун баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллат ва пайвандгари наслҳои инсонӣ ва фарҳангҳои умумибашарӣ аҳли маорифи ҷумҳуриро водор месозад, ки ҷиҳати ҳифзу тарғиби арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ ва суннатҳои неки Наврӯзи ниёгон ва истифодаи онҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози Ватани азизамон чораҳои муассирро амалӣ гардонанд, зеро:
Ибтидои сухан зи Наврӯз аст,
Сари сабзи Ватан зи Наврӯз аст.
Наврӯз ин рӯзи нахустини соли нав ва рӯзи охирини соли гузашта буда, ба таъбири дигар, рӯзи нави ҳафтаи нави моҳи нави соли нави хуршедист.
Нарӯз мисли пулест, ки таърихи гузаштаву имрӯза ва ояндаи халқро ба ҳам мепайвандад. Ба ибораи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Наврӯзро метавон пайвандгари наслҳою аслҳо ва халқҳою фарҳангҳо унвон кард”.
Наврӯз волотарин ва бузургтарин шиносномаест, ки дар он садои қалби ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ инъикос ёфта, таърихи он – таърихи фарҳанг, таърихи ойин, таърихи халқ, таърихи анъана, таърихи одат, таърихи мардум буда, оинаест, ки мо дар он худро мебинем ва дар он худро мешиносем.
Наврӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва Истиқлоли давлатии мо буда, ҷашни ҷашнҳост. Наврӯзро ҳамзамон, ҷашни ваҳдатофар низ бояд гуфт. Шоире беҳуда нагуфтааст:
Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,
Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.
Мо – аҳли коллективи донишгоҳ ифтихор аз он дорем, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ бо пешниҳод ва азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сессияи 64-уми худ ҷашни бостонии Наврӯзи хуҷастапайро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.
Имрӯзҳо мо ифтихор аз он дорем, ки мардумони аксари кишварҳои сайёра Наврӯзро ҳамчун оғози бедории табиат, омили ваҳдатсози инсон ва кайҳон, пайки дӯстию бародарӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои гуногуни олам шинохтанд ва ҷашн мегиранд.
Ба қавли Сафармуҳаммад Айюбӣ:
Маҳ гуфт ба маҳвора:
“Наврӯз ҷаҳонӣ шуд”,
Эй мардуми сайёра,
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Ҳама шоҳиди онем, ки пешравӣ ва барору комёбиҳо дар соҳаи маориф бахсус, аз Наврӯз то Наврӯз хеле равшан ба чашм мерасад. Гузашта аз ин, талаботи замони муосир тақозо бештаре сазовор гардем.
Дар ин замина, Раёсати донишгоҳ дар пояи кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷик дар ин рӯзҳои нозанини баҳорию наврӯзӣ тасмим гирифтааст, ки конференсияи илмии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Пешвои миллат – Пешвои Наврӯз” ташкил ва баргузор намояд.
Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур ҳарчи бештар равшан намудани хизматҳои фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва ҷоннок намудани расму русум ва маросиму ҷашнҳои миллӣ, бахусус Наврӯзи ҷаҳонӣ мебошад.
Маҳз тавассути хизматҳои муваффақонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ва халқҳои дигари ҳамзабону ҳамҷавор тавонистанд, ки ба Наврӯзи дилафрӯз ҷони дуюмбора бахшида, онро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун “Иди байналмилалӣ” ба расмият дароранд…
Китоби “Пешвои миллат-Пешвои Наврӯз” – ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.