Китоби нав.. “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон”

Пешвои миллатИн китоб, ки ба тозагӣ дар нашриёти “Ношир” чоп шудааст, маводи Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон»-ро дар бар мегирад. Ин Конфронс ба ифтихори 145 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддини Айнӣ ва бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор шуда буд.

Мураттибони китоб Саидумрон Саидов, Ферӯза Қаюмова ва ҳайати таҳририя Исмоилзода Зуфар Муртазо, Тоҷибой Султонзода, Замира Мансурӣ, Усмонзода Аюб Ислом, Шарифзода Муъмин Машокир, Дилбар Саидӣ, Ҳомид Ҳошимзода, Бахтиёр Маҳмадалӣ, Ваҳҳоб Набизода, Хайрулло Сабурӣ, Шавкат Шарипов, Саидумрон Саидов, Шӯҳрат Саидзода мебошанд.

Китоб аз мақолати илмии ширкаткунандагони Конференсияи илмиву амалии “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардидааст, иборат мебошад.

Он аз бахшҳои “Сиёсат, таърих, ҷомеа”, “Фанҳои гуманитарӣ”, “Фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва иқтисодиёт” тартиб ёфта, бештар аз 180 мақолаи донишмандону муҳаққиқони кишварро дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ фаро гирифтааст.

Дар радифи мақолоти олимони варзида маҷмӯа фарогири чакидаҳои қалами муҳаққиқони ҷавон низ мебошад. Ҳадафи нашри китоб мусоидат намудан дар рушди илми тоҷик ва фароҳам овардани имконият барои интишори осори илмии устодон ва муҳаққиқони муассисаҳои Олии кишвар ба ҳисоб меравад. Китоб барои муҳаққиқони таърихи кишвар, пажӯҳишгарони илмҳои мухталифи муосир ҳамчунин барои оммаи васеи хонандагон муфид аст.

Мавзуна САЛИМОВА,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.