Китоби нав.  “Психологияи эмотсия ва ҳиссиёт”

Муаллифи ин китоб, ки воситаи таълим номида шудааст, Сайфиддин Расулов аст ва он соли гузашта дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Китоб дар асоси дастовардҳои навини илмҳои психология навишта шуда, масъалаҳои муҳимми як қисми психолгияи умумиро аз қабили психологияи эмотсия ва ҳиссиёт баррасӣ менамояд. Муаллиф таърих ва сабабҳои даст заданаш ба ин иқдомро дар сарсуханаш чунин овардааст:

Чӣ басо муҳимманд ин эмотсия ва ҳиссиёт! Онҳо боде мебошанд, ки бодбони киштиро тела медиҳанд; гоҳо онро ғарқ мекунанд, аммо бе онҳо киштӣ шино карда наметавонад.

                                                                                                       Волтер

Бо мафҳуми эмотсия ва ҳиссиёт аксари мардум шинос буда, дар ҳаёти ҳарӯза аз вожаҳои ифодакунандаи зуҳуроти ба ин ҳодисаҳои психикӣ алоқаманд, аз қабили стрес, хурсандӣ ғамгинӣ, муҳаббат, тарс ва амсоли ин истифода мебаранд. Аммо агар мо хоҳиш кунем, ки яке аз онҳоро шарҳ диҳанд, дар ошкор кардани моҳияти он душворӣ мекашанд. Воқеан ҳам, на вобаста аз он ки ин ду зуҳуроти психикии ифодакунандаи ҳолати психикӣ дар адабиёти илмӣ ва бадеӣ  мавриди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши зиёд карор гирифта бошад ҳам, то ҳанӯз табиату моҳият ва хусусиятҳои онҳо пурра ошкор нашуда,  баъзе аз ҳолатҳои ба онҳо алоқаманд ҳамчун муаммо боқӣ мемонаанд.

Эмотсия ва ҳисиёт он зуҳуроти психикие мебошанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ-психологӣ ва солимии психологии одамон ба онҳо сахт вобастагӣ дорад. Банда ба навиштани ин воситаи таълимӣ ҳанӯз аз давраи аз ин фан ба донишҷӯён дарс гуфтанам азм карда будам ва аз ҳамон давра ҷамъоварии мавод оғоз шуда буд. Ба навиштани ин мавод оғоз кардаму баъд аз навиштани ду боби аввал таваққуф шуд, зеро ба қавли психологи шветсарӣ Э. Клапаред “Психологияи равандҳои аффективӣ аз ҳама қисми пурмуаммою пурпечутоби психология аст, ки тасдиқи пураи худро на дар ҳодисаҳо ва на дар сухан намеёбад. Баъзеҳо он чизеро ҳиссиёт меноманд, ки ба қавли дигарон он эмотсия аст”.

Баъд аз он ки соли 2001 бо зарардидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Кӯлоб ва соли 2014 бо зарардидагон аз сел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ ноҳияи Шӯрообод) корҳои офиятбахшии психологӣ бурдем, пурра итминон ҳосил кардем, ки бидуни донистани табиату моҳият ва хусусиятҳои эмотсияҳо ва ихтилолу вайроншавиҳои ба онҳо вобаста таъмин намудани некуаҳволии психикии одамон ғайриимкон аст.

Бо амри тақдир соли 2020 ба бемории саратони майнаи сар гирифтор шуда, моҳи сентябри ҳамон сол ҷарроҳӣ кардам ва ҳолати баъдиҷарроҳии ман асосан аз мушкилоти ҷисмонӣ дида бештар мушкилоти психологӣ дошт. Ин мушкилот бо вайроншавиҳои эмотсионалӣ алоқаманд дошт. Ҳарчанд худам медонистам, ки мушкилоти ман мушкилоти психологӣ аст, аммо аз сару кор гирифтан бо доираи муайяни одамон (махсусан табибон ва аёодаткунандагон) ба хулоса омадам, ки мутаасифона, сатҳи маърифати психологии мардум дар самти психологияи эмотсия ва ҳисиёт ба қадри кофӣ нест. Маҳз ин ҳолат маро водор кард, ки навиштани ин китоби мавкуфгузоштаро идома дада, мундариҷаи онро дигар ва масъалаи вайроншавиҳои эмотсионалиро низ ба он ворид кунам.

Умед дорам, ки китоби мазкур дар самти баланд бардоштани  дониши хонандагони он доир ба психологияи эмотсия ва ҳиссиёт, махсусан стресс ва оқибатҳои манфии он, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои манфии стресс ва коҳиш додани шидати эмотсионалӣ таъсири созгоре хоҳад дошт. Бовар дорам, ки хонандаи нуктасанҷ аз ирсол намудани пешниҳодҳо дар масъалаи такмил додани ин воситаи таълимӣ истиҳола нахоҳад кард ва агар умр вафо кунад, солҳои минбаъда онро ба дастовардҳои навтарини илм дар ин соҳа ва таҷрибаи шахсӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои ирсолшуда такмил хоҳам дод. Дар оғоз бо ҳамин иқтифо хоҳем кард, ҳарчанд ба қавли шоири ширинқалом Озарахш

           Нома поён ёфт, аммо нуқта мондан мушкил аст,

           Нуқтае дар хотиру сенуқтаҳое дар дил аст.

Китоби “Психологияи эмотсия ва ҳиссиёт”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.

 

Таҳияи Фаридун ҒАЮРОВ,

мутахасиси шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.