Китоби нав. Раҳим Мусулмониён: «Ойинаи Қубодиён»

Ойинаи ҚубодиёнЁдномаи донишшманди мъруфти тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мушовири илмии Бунёди доиратулмаорифи исломӣ Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ бо талоши фарзандону пайвандонаш рӯи чоп омадааст.

Тавре муҳаррири он Муҳаммадиқбол Атозода менигорад, китоб “бори аввал соли 2005 дар Эрон бо хатти форсӣ нашр шуда, дар Тоҷикистон ба таври комил дастраси аҳли завқ, муҳаққиқону пажӯҳандагон, хонандагону пайвандону наздикон нашуда буд. Ва инак ин китоби мондагор бо талошҳои фарзандону наберагони устод  крилӣ баргардон шудаву шарафи таҳририяташ барои банда ато гардид”.

Китоб бо як муқаддимаи хеле кутоҳи устоди шодравон Раҳими Мусулмониён чоп шудааст, ки онро айнан меорем:

Қубодиён гӯшаест аз Эронвиҷи таърихӣ. Номи некаш дар сарчашмаҳо омадааст, Ёқут ва Самъонӣ ва ғ. хабар додаанд, донишномаҳо матлабҳо дарҷ кардаанд, китоби ҷудогона ҳам ба чоп расидааст.

Ва аммо китобе фарогир, ки ҳама гуфтаҳоро дар худ ғунҷонда бошад, ҳанӯз ба майдон наомада, ин дафтар кӯшишест нахустин.

Бояд гуфт, ки ҳоло мурод таҳлилу баррасӣ нест, дар ойина айнан нишон додани Қубодиёни азиз аст, аз он манзаре, ки нигоранда дар китобҳо хонда ва воқеияти феълиро дидааст. Ба кори баррасӣ ва натиҷагирӣ дигарон машғул хоҳанд шуд. Аз ҳамин рӯ, наметавон гуфт, ки ин ойина тамомнамо бошад, ҷои холӣ хеле дорад.

Нигоранда аз дуродур ба як бор ба имрӯз омадааст, яъне аз гузаштаи дур то ба ҳол. Табиӣ аст, касоне шояд ҳам бузургоне берун мондаанд, банда, аз онҳое ёд кард, ки дида ва суҳбат доштааст.

Тундбоде, ки ҳашт сол пеш бархост бузургони Қубодиёниро ё берун бурд ё аз миён. Дар ҳафтод соле, ки гузашт, чашми худшиносиро кӯр кардаанд ва мағзро палағда. Даҳ сол аст, ки имконе барои худшиносӣ фароҳам омадааст. Ва аммо имрӯз ҳам дастандаркорон фаъолият мекунанд, бегонаҳои ҳушёр ва худиҳои хоболуд.  Ба ҳар ҳол, гоме бардошта шуд, шояд ноҳамвор аст, бо умеде, ки гомҳои баъдӣ расотар бошад…

Ҳамчуноне ишора рафт, ин китоби хонданӣ бо талоши фарзандони марҳум чоп шуда ва муҳаррири он Муҳаммадиқбол Атозода кӯшидааст баъзе маълумотро комилтар кунад ва ин иловаҳоро, ки аз муаллифи китоб нестанд, балки шаҳри муҳарриранд, дақиқ нишон додааст.

Хонандагони азиз метавонанд «Ойинаи Қубодиён»-и устод Мусулмониёро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.  

Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд