Китоби нав. Раҳимзода М. Абдураҳимов С:    «Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии ТоҷикистонКитоби мазкур соли 2023 бо қарори шурои илмӣ – методи Муассисаи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба чоп тавсия гардида, ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Воситаи таълимии мазкур дар заминаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълимоти илмӣ- назариявии ҳуқуқи соҳибкории кишварамон таҳия ва омода гардида, дар он мавзуъҳои муҳимми ҳуқуқии соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи ҳуқуки комплексӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шудааст.

Муаллифон ба ин назаранд, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва дар ҳамин замина рӯ овардани кишварамон ба низоми иқтисоди бозорӣ боиси дигаргун шудани тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гардид. Маълум аст, ки рушду инкишофи низоми иқтисоди бозориро бидуни мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дар ҳамин замина амалӣ намудани фаъолияти сохибкорӣ тасаввур кардан номумкин аст. Маҳз амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки онро муҳаррики иқтисодиёт меноманд ва дар ҳамин замина танзими муносибатҳои ҷамъияти вабаста ба бавуҷудоӣ, тағирёбӣ ва қатъшавии фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан дар давраи барқароршавӣ ва инкишофёбии низоми иқтисоди бозорӣ, таҳкиқ ва омӯзиши алоҳидаро тақозо менамояд.Аз ин рӯ, омӯзиш ва аз худ намудани қонуниятҳои барқароршавӣ, инкишоф ва амали фанни ҳуқуқи соҳибкорӣ ҳамчун фанни таълимӣ на танҳо барои соҳибкорон, балки тамомӣ аъзои ҷомеа, дар низоми иқтисоди бозорӣ ҳаёт ба сар мебаранд, ниҳоят муҳим ва ба манфиати пешрафти давлату ҷомеа мебошад.

Маводи васитаи таълимии мазкур бо максади фарогирии дастовардҳои муосири соҳаи ҳуқуқи соҳибкории кишварамон, пеш аз ҳама, дар асоси қонунгузории амалкунандаи соҳаи ҳуқуқи соҳибкории

Хонандагон китоби «Ҳуқуки соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.