Китоби нав. Раҳматуллоҳ Бегона: “Омир соҳиб”

Омир соҳибДар ин маҷмуа муҳимтарин лаҳзаҳои зиндагӣ ва муборизоти Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд аз диди шоҳиди бевостаи рӯйдодҳо ба шакли мустанад тасвир шудааст. Инъикоси лаҳзаҳои ибратомӯз ва пандомӯзи фаъолиятҳои Қаҳрамонӣ миллӣ барои хонандаи тоҷик боаҳмият аст. Ин ёдвора паёме аз таърихи гузашта ба насли имрӯз аст.

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки имрӯз сарварии Ҷабҳаи муқовимат дар ин кишварро ба уҳда дорад, ба китоб ин сарсухани кутоҳро навиштааст:

Навиштан ва нависандагӣ яке аз шохисаҳои миллатҳои мутамаддин ва зинда аст. Навиштан аст, ки моро аз дурнамои таърих, тамаддун ва шахсиятҳо огоҳ месозад ва мавридашон ба қазовот менишинем.

Раҳматуллоҳ Бегона аз фарҳангиён номошнои Афғонистон хотироти худро дар мавриди Қаҳрамони миллии кишвар – Аҳмадшоҳ Масъуд навиштааст. Ин навишта ба бовари ман аз ду ҷиҳат аҳамияти вижаи худро дорад:

Яке ин ки нависанда аз лаҳза ба лаҳзаи дидори Омир соҳиб ёддошт дошта ва он мавзуотро мустанад навиштааст.

Дувум оқои Бегона, ки дар муқовимати аввал ҳузур дошт, Қаҳрамони миллиро аз зовияи диди як фарҳангӣ, нависанда ва хабарнигор ба мардум муаррифӣ мекунад.

Дар мавриди Қаҳрамони миллӣ китобҳои мутаадид (бисёр)-е навишта шудааст, аммо ман фикр мекунам рафтори Қаҳрамони миллӣ аз диди як хабарнигори озод ва ғайривобаста ба ҷараёнҳои сиёсие, ки бо ӯ ҳамкор аст, ҷолиб ва дархури аҳамият аст.

Қаҳрамони миллӣ шахсияти одӣ набуд. Навиштан дар мавриди ӯ ҳамчунон масъалаи одӣ нест. Ин навишта натанҳо барои мардуми Афғонистон, балки барои касоне, ки бо таърих сару кор доранд, боарзиш аст.

Ман ба намояндагӣ аз худ, хонаводаи Қаҳрамони миллӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо ибрози сипосгузорӣ аз заҳамоти оқои Бегона барояшон қалам ва қадами тавоно ва устувор мехоҳам.

Бо  ҳурмат

Аҳмад  Масъуд    

Муаллиф Раҳматуллоҳ Бегона сабаби рӯи коғаз овардани хотироташро дар бораи ин устураи ҷиҳоду муқовимат ва ин сарсупурдаи озодии Афғонистон аз ҳузури бегонагон Аҳмадшоҳи Масъуд ин гуна ба қалам овардааст:

Аҳмадшоҳ Масъуд барои ман улгуе аз шуҷоат, садоқат, уббаҳат (бузургӣ), истиқомат ва доноист! Бо вуҷуди ин ки муддати кӯтоҳе (чаҳор сол) бо Омир соҳиб наздик будам, аммо бузургии ӯро дарк карда ва Масъудро аз дилу ҷон дӯст доштам. Медонистам, ки Омир соҳиб устураест, ки ба такрори он қарнҳо ниёз аст. Ба ҳамон сабаб, ман замоне ки бо Омир соҳиб наздик будам, аз лаҳза ба лаҳзаи ӯ дар зеҳнам тасвир дорам ва ёддошт кардаам.

Ман ҳич гоҳ бо ҳич созмон, даста, гурӯҳ ва ҳизбе таалуқ надошта ва узвият надоштаам. Омир соҳибро фаротар аз таалуқоти муваққатӣ дӯст доштам ва дорам. Ба ҳамин далел буд, ки ёддоштҳоям хотира шуданд!

Раҳматуллоҳ  Бегона
6 сентябри соли 2023
Бавария, Олмон

Китоби Раҳмаатуллоҳ Бегона “Омир соҳиб” ҳамакнун дар китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Фарҳоди Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи
мукаммалгардонии фонд