Китоби нав. «Равоншиносӣ ва сарбоз»
“Агар касби ҳарбӣ умуман, чизеро ифода намояд, он бояд ба кодекси устувори шарафмандӣ такя кунад. Агар не, онҳое, ки аз паси нақораҳо қадам мезананд, танҳо як тӯдаи қотилон хоҳанд буд”. Карл Клаузевитс
Китоби «Равоншиносӣ ва сарбоз», ки соли 2023 бо қарори Шӯрои илмӣ – методии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба чоп тавсия шуда ба муносибати 30- юмин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, бо ҳамин суханони ҳикматомези муаллифи он оғоз мешавад.
Хислат ва мизоҷу феъл, аломату нишонаҳои истеъдод, қобилият, нуфуз, пешсафӣ далерӣ ва идрок, мардонагию қаҳрамонӣ ва дигар нишонаҳои зоҳиршавии хусусиятҳои равонии инсон дар фаъолияти ҳарбӣ дорои аҳмияти калон мебошад. Асари таҳқиқотии равоншиноси ҳарбии англис Норман Коупленд «Равоншиносӣ ва сарбоз» ба ҳамин масъалаҳо бахшида шудааст. Китоб солҳои зиёд дар раванди таълиму тадрис дар кишварҳои хориҷ истифода шуда, дар натиҷа майлу рағбати хонандагон, махсусан, хизматчиёни ҳарбӣ ба он зиёд гаштааст. Ин китоб аввалин бор соли 1958 аз чоп баромадааст. Аммо мутаассифона, дар бисёр китобхонаҳо арзи ҳастӣ надорад.
Чаро китоби «Равоншинос ва сарбоз» миёни хонандагон, аз ҷумла, миёни хонандагони фазои пасошӯравӣ машҳур гардид. Китоби мазкур пеш аз ҳама, то як дараҷаи муайян норасоии адабиётро дар соҳаи шинохти инсон аз байн мебарад. Омӯзиши таҷрибаи ҳаёти сарбозӣ нишон медиҳад, ки бисёре аз иштибоҳҳо дар корҳои тарбиявӣ аз донишҳои нокифояи афсарон дар соҳаи равоншиносии амалӣ бармеоянд.Ҷойи шубҳа нест, ки дар раванди ислоҳоти ҳарбӣ шаклҳои нави фаъолияти афсарӣ – роҳбарӣ ва идоракунӣ ба вуҷуд омада, обрӯ ва нуфузи он бештар тавассути қобилияташ дар устуворсозии тафаккури ҷамъиятӣ дар гурӯҳ, маҳорати ташкили оқилона ва бо зеҳнияти баланди меҳнат, муттаҳид намудани зердастон баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда муайян мегардад. Дар китоби мазкур вобаста ба ҷанбаҳои фавқуззикр бисёр маслиҳат ва тавсияҳои хуб дода шудааст. Китоб таваҷҷуҳи зиёди хидматчиёни ҳарбиро ба худ ҷалб намуда, дар таълиму тарбияи онҳо нақши муассир дорад.
Хонандагон китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд