Китоби нав. Равшан Раҳмонӣ: “Эмомалӣ Раҳмон-пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон”

Эмомалӣ Раҳмон«Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикҳо ва ба таври умум хонаи ҳамаи ҳамзабонони бурунмарзии мо шуда метавонад»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар садаҳои пешин, то даҳсолаҳои аввали асри XX, байни тоҷикон ва форсизабонони кишварҳои гуногуни олам рафтуомадҳо озод буд. Чунки дар он замон дар сарҳади кишварҳо барои равуои мардум мамонияти чандоне вуҷуд надошт.

Дар солҳои мавҷудияти давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ (СССР,1922-1991) бо сабабҳои сиёсӣ рафту омади тоҷикон ба кишварҳои форсизабон (Эрон ва Афғонистон) кам шуд. Бахше аз мардум дар солҳои 20-ум ва 30-юми садаи бист аз Ватани аслии хеш фирор карда, дигар ба зодгоҳи худ барнагаштанд. Дар натиҷа чанде аз тоҷикони Осиёи Миёна дар кишварҳои гуногуни олам паҳн шуда, ҳамеша бо ёди диёр дар ғурбат умр ба сар мебурданд.

Ҳамчунин дар замони Шўравӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтан, таҳсил дар мамолики гуногуни олам, иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ низ хеле кам буд. Агар буд, фақат бо иҷозати ҳукумати вақт буд. Ба ҳар ҳол пас аз солҳои панҷоҳи садаи бист, агарчи хеле кам бошад ҳам, бо иҷозати давлат баъзе адибон, олимон ва ҳатто муҳоҷирон низ ба кишварҳои хориҷ мерафтанд ва аз он тараф низ меомаданд. Дар соли 1991 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро сартосар буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фаро гирифт. Моҳ ба моҳ зиндагии моддӣ ва маънавии мардум бад шуд. Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон ду неруи мухолиф ба зидди якдигар қарор гирифтанд, вазъияти ҷумҳурӣ боз ҳам бадтар гашт.

Дар китоб мақолаҳое гирд омадааст, ки оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати забон, таърих, фарҳанг, ки аз соли 1993 то имрўз аз ҷониби сардабири маҷаллаи «Пайванд», профессор Р. Раҳмонӣ таълиф гардидааст.    Муаллиф роҷеъ ба китобҳо, паёмҳо ва гуфтаҳои Пешвои миллат сухан ронда, Нақши Ҷаноби Олиро аз Иҷлосияи XVI соли 1992 то имрўз ҳамчун сулҳпарвар, ваҳдатовар, пайвандгари тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, ситоишгари забону таъриху фарҳанги ниёгон, васлгари гузаштаву имрўзу ояндаи миллат ва кишвар нишон додааст.

Китоб аз 14 гуфтор иборат буда, ҳар як аз фаслҳои оиди масъалаҳои гуногун баҳс мекунад.

Хонандагони азиз китоби Равшан Раҳмонӣ: “Эмомалӣ Раҳмон-пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон” – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Гулистон Лундишоева