Китоби нав. Роҷии Бухороӣ: “Тазкират-ул-хаттотин”

Ин китоб ба тозагӣ (соли 2025) дар таҳия ва тавзеҳоти Эраҷи Меликиён ва пешгуфтори профессор Аскаралӣ Раҷабов дар шаҳри Душанбе нашр шудааст. Китоб бо ташаббуи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯи чоп дидааст.

Дар муаррифии кутоҳ омадааст, ки ҳунари хаттотӣ (хушнависӣ) аз анвои пешаҳое аст, ки дар таърихи тамаддуни тоҷикону мардумони Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи бисёр муҳим дорад. Дар масири таърих дар ташаккулу пешрафти сабку равияҳо ва макотиби ин навъи ҳунари нафиса (хатту хушнависӣ, китобороӣ), саҳми марказҳои фарҳангии пуровозаю дерини мо Самарқанду Бухоро, Марву Балх, Ҳирот, ки намояндагони чирадасту хушқалами хунарихушнависиву китоборӣ аз ин ҳавзаҳои ҳунарӣ бархоста, мероси пурбори бузургоноро дар осори ҳунариашон сабт намудаанд, бисёр муассир аст.

Мактабу ҳавзаҳои машҳури хушнависии Бухорои садаи ХIХ ва оғози садаи ХХ, осори ҳунарии хушнависӣ, тарғиби мероси таърихию адабии тоҷик ва мардумони Осиёи Марказӣ, рўи кор овардаи намояндагони чирадасту боҳунари он, аз раҳовардҳои рангини тамаддуни ин садаҳост. Бавижа кору фаъолияти пурбори адабии суханвари хушкалом, тасвиргари ҳунари хушнависии ин сада Мирмуҳаммад Идрисхоҷа Роҷии Бухороӣ (1880-1920), мусаннифи маснавии “Тазкират-ул-хаттотин”, парвардаи мактаби адабию хушнависии ҳирфаии аллома Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897), дар таърихи фарҳанги ин садаи мо ҷойгоҳи хос дорад. Фаъолияти адабии Мирмуҳаммад Идрисхоҷа Роҷии Бухороӣ, аз ҷумла маснавии ў  “Тазкират-ул-хаттотин”, ки то имрўз таҳқиқ нашуда ва норавшан боқиӣ монда буд, нахустин бор пешкаши дўстдорони мероси фарҳангӣ мешавад.

Умед аст, ки доир ба таърихи хатороӣ, баррасии чеҳраҳои номдори он, ҷараёни ташаккулу пешрафти ҳунари хушнависӣ, ҷойгоҳи ин навъи ҳунари нафисаи пурарзиши мо, ки то имрўз дар ин замина корҳои хеле ками пажўҳишӣ анҷом шуда ва таҳқиқи фаннии академӣ рўи он сурат нагирифтааст, арҷ гузошта мешавад.

Тазкираи Идрисхоҷаи Роҷӣ, ки бори нахуст манзури дўстдорони мероси фарҳангӣ мешавад, дар заминаи нусхаи қаламие, ки соли 1326 ҳ.(1908 милодӣ ба хатти насталиқи хоно, коғази маъмул, андоза 26, 6ҳ17 см мебошад) нусханависӣ шуда ва дар захираҳои хаттии китобхонаи Конгресси ИМА (Librarу оf Congress, DCL №02-в 7550) маҳфуз аст, таҳия шудааст. Аз ин рў корҳои ҳунарии дар санъати хушнависиву китобдории боҳунаронаи мактаби Аҳмад Маҳдуми Дониш намунаи шоистакории мактаби ҳунарии Бухоро, чун пойгоҳи баноми фарҳангӣ  дар марҳилаи нави таърихист, ки Идрисхоҷаи Роҷӣ дар тазкирааш хеле бадеӣ ба риштаи тавсир кашидааст.

Таҳияи Неъматулло Шамсов, сармутахассиси шуъбаи ададбиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.