Китоби нав: Сабзаалӣ Асозода «Милоди нур»

Дар ин монография бори аввал дар таърихнигорӣ ва адабиёти илмии ватанӣ осор ва рӯзгори доктори илмҳои таърих, профессор А.Ҷ.Ҷалилов, нақши ӯ дар омӯзиши таърихи асримиёнагии халқи тоҷик ва рушди илми таърих дар Тоҷикистон нишон дода шудааст. Муаллиф гуфтааст, ки монографияи мазкур ба 100 солагии устод А.Ҷ.Ҷалилов бахшида шуда ва ба устодон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва дӯстдорони таърихи халқи тоҷик пешниҳод гардидааст.

Муаллифи китоб Сабзаалӣ Асозода номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи ДМТ буда, дар мавзуи «Тахористон: авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ дар ибтидои асрҳои миёна» тадқиқоти илмӣ мебарад. Ба қалами ӯ беш аз 120 мақола ва дастуру барнома тааллуқ дорад. То ба имрӯз ин нигоштаҳо аз ӯ чоп шудааст: Кишваршиносӣ (ҳаммуаллифӣ). Воситаи таълими методӣ. Душанбе, 2010; Тахористон. (Маҷмӯаи мақолаҳо). Душанбе, 2012 Ҳамсози истиқлол. Душанбе, 2012.; Хандапанд. Душанбе, 2013.; Тахористон. (Маҷмӯаи мақолаҳо. Чопи дуюм). Душанбе, 2016. Чароғи дил. Душанбе, 2020, Тахористон. Сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар асрҳои V – X. Душанбе, 2025.

Барномаҳои таълимӣ аз фаннҳои «Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ», Душанбе, 2013.; «Ҷуғрофияи таърихии Аврупоии Ғарбӣ». Душанбе, 2013.; «Таърихи асрҳои миёна» (ҳаммуаллифӣ). Душанбе, 2013.

Аъзои Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон, аъзои Конфедератсияи Байналхалқии Иттифоқи Журналистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон. 

Хонандагон китоби Сабзаалӣ Асозода «Милоди нур»-ро метавонанд  дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. 

 

Анӯшаи Ҷамолиддин мутахассиси пешбари  шуъбаи мукаммалгардонии фонд