Китоби нав. Сада оғози соли ориёист

    Ҳадяи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Китоб бо саъю эҳтимоми Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода интишор шудааст.

            Дар китоб мақолоте фароҳам омадаанд, ки ба таҳқиқи сарнавишти таърихии ҷашнҳои бузурги аҷдодӣ бахшида шудаанд. Бо такя бар нуфузи таҷассуми суннатҳои таърихию мардумӣ дар адабиёти тоҷик, шуруъ аз устод Рудакӣ то имрӯз бахше мақолот ба пажуҳиши бозтоби расму оинҳо ва идҳои миллӣ дар оинаи осори бадеӣ, шеваҳои зуҳур ва нигориши наврӯзномаҳо дар адабиёти гузашта ихтисос ёфтаанд. Мақолоти китоб бо сабки илмӣ ва илмӣ – оммавӣ ба қалам омада, ба доираи васеи аҳли мутолеа тавсия мешаванд.

Мураттиб ва муаллифи мақолаҳову ашъори боби сеюм Нуралӣ Нурзод. Суратҳо аз Иномҷон Рабизод. Мушовир академики АМИ Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Муҳаррирони масъул: Тоҷибой Султонзода ва Баҳром Мирсаидов мебошанд.

Китоб зери назари Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод нашр шудааст.

 

Мавзуна Салимова