Китоби нав. Садирова Ҷ.Ш. “Таърихи психология”

 Ин китоби дарсӣ аз маводҳои илмӣ – методии нашргардида бо он ҷиҳат тафовут дорад, ки дар он таҳлили на танҳо равияю ҷараёнҳои илмии дар Ғарбу Русия зуҳур карда, балки масъалаҳои ташаккул ва инкишофи афкори психологӣ дар осори мутафаккирони форсу тоҷик низ барарсӣ шудааст.

 Муаллиф дар муқаддима аз ҷумла овардааст: Фанни таълимии «таърихи психалогия» дар нақшаҳои таълимӣ мақоми фанни ҳатмиро касб карда, дар ташаккул ва васеъ гардидани дониши толибилмон нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин фанни таърихи психология ба донишҷўён имкон медиҳад, ки онҳо дар асоси аз худ намудани донишҳои илмии психологӣ навъи муайяни рафторро пеша намоянд. Ҳангоми тадриси фанни мазкур маълумот дар бораи мутафаккирони соҳаҳои илмии психалогия, методҳои тадқиқоти психологӣ, асосҳои табииву илмии психология, давраҳои инкишофи донишҳои психологӣ, мавқеи шахс дар фаъолият ва муошират, хусусиятҳои фардиву психологии шахс ба монанди мизоҷ, характер, қобилият ва ғайра барои донишҷўён фароҳам оварда мешавад.

Дар раванди таълими фанни таърихи психология ба донишҷўён маҷмўи назарияҳои психологии мукаммал доир ба ин ва ё он масъалаи психологӣ пешкаш карда шуда, таҳлилу баррасии ин назарияҳо барои хубтару беҳтар дарк гардидани моҳияти масъалаҳои рафтор дар ҷомеа заруранд.

Мақсади асосии омўзиши фанни Таърихи психология аз инкишоф додани дараҷаи таълиму тарбия, малакаи равонӣ ва баланд бардоштани тафаккур, маърифат ва одобу муоширати донишҷўён иборат аст. Ҳамчунин омўзиши предмети мазкур дар раванди сотсиализатсияи шахс нақши барҷаста мебозад.

Солҳои охир ба омўзиши илми психология дар мактабҳои олӣ ва ба эътибор гирифтани донишҳои психологӣ дар рафти ташаккулу инкишофи ҷомеаи имрўза таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Аз ин рӯ пеш аз ҳама таърихи психологияро бояд донист. Донистани таърихи психология ба инсон имконият медиҳад, ки аз қонуниятҳои асосии инкишофи психикӣ, инчунин асосҳои психологии раванди таълиму тарбия бархурдор гардида, дар ҷараёни ҳаёту фаъолияташ аз онҳо истифода барад.

Китоби “Таърихи психология” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Мавзуна Назарова, Сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.