Китоби нав: Сафар «Меҳроби офтоб»

«Меҳроби офтоб» китоби чоруми шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сафар Абдураҳим аст, ки фарогири ашъори солҳои охир эҷодкардаи ӯст.

Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар сарсухан ба ин китоб, ки бо номи “Сафар бо рушноӣ” чоп шудааст, аз ҷумла навиштааст, ки ғазалҳои Сафар сода, самимӣ ва дур аз ҳар навъ такаллуф (яъне ҳаракатҳои ба таври маснуӣ печидасозии баён ва ё эҷоди ғаробатҳои сохтакорона) мебошанд. Агарчи барои ӯ латоифи ҳунарии маъруф комилан бегона нест. Масалан, дар ғазале бо корбурди санъати дуқофия омехта бо навъе таҷнис Сафар тавони табъи хуби шеъриро намудор кардааст, ки матлаъу мақтаъи он чунин аст:

Чун ҳоли дил, ки мешавад аз интизор зор,

Аз ифтихори пуч шавад ифтихор хор.

Як оҳ мондааст, ки таркад дили Сафар,

Ҳарфи сукути ӯ бувад аз инфиҷор ҷор.

Дар ҳамин ҳол ҳам, тавре мебинем, шоир саргарми баёни ҳамон матолибест, ки ҳадафи ғоии ашъори ӯро ташкил медиҳанд ва ба тасодуф ба хотири ҳунарнамоии маҳз матлаби ориятиеро ба баён наовардааст.

Аммо ҳақиқатҳои табиӣ ва содае, ки шоир аз онҳо барои шеъри худ моя мегирад, дар бисёр мавридҳо аз доираи маънои сатҳии худ фаротар мераванд ва ба сурати бисёр муътамад бар уфуқҳои дуртаре густариш меёбанд. Масалан, гоҳе ки шоир аз як амри воқеъ сухан мегӯяд: аз он ки ӯ охирин фарзанди тобистон (зодаи 31 – уми август) ва ҳамзамон охирин фарзанди падару модари худ аст:

Охирин фарзанди тобистон манам,

Баччаи дилбанди тобистон манам…

Охирин фарзанди як модар, падар,

Охирин фарзанди тобистон манам.

Воқеан, иттифоқи мазмундоре тарҳ мешавад ва ба муаллиф имкон медиҳад, ки минбаъд бар мадори он маънисозӣ бикунад. Воқеияте, ки дар ин амри оғозин ҳаст, воситае мешавад, ки баёноти дигари муаллифи ғазалро итминонбахш созад…

Сафар Абдураҳим 31 – уми августи соли 1991 дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби рақами 61 ба номи Р.Тошматови деҳааш гузаронида, соли 2009 тибқи Квотаи Президенти Тоҷикистон ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов дохил шудааст. Донишкадаи мазкурро соли 2013 бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби тахассуси муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббии футбол гардид.

Як сол дар «Клуби соҳибкорони ҷавон» – и назди Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе кор карда, баъдан чанд сол муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби зодгоҳаш буд.

Як муддат дар мактаби махсуси футбол дар ноҳияи Ашт мураббӣ шуда кор кардааст. Соли 2021 ба шаҳри Душанбе рафта, он ҷо то соли 2023 дар Мактаби байналмилалии Душанбе ва Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе омӯзгорӣ кардааст.

Се маҷмуаи ашъораш: «Сафинаи сафар» (2016), «Номае аз роҳ» (2021) ва «Сӯзи бемодарӣ» (2023) чоп шудаанд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Дорандаи нишони «Сухан» – и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Хонандагон китоби Сафар «Меҳроби офтоб» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.