Китоби нав: Сайдаҳмади Зардон «Қиссаҳо ва ҳикояҳо»
Дар муаррифи Сайдаҳмади Зардон ва китоби нави ӯ “Қиссаҳо ва ҳикояҳо” омадааст: Доктори илмҳои филологӣ, профессор ва донишманди мумтози Тоҷикистон Боймурод Шарифзода дар мавриди қиссаву ҳикоёти Сайдаҳмади Зардон нигоштааст: «Беҳтарин насри адабиёти навин. Забон дар дасти нависанда мисли мум нарм аст. Инро мегўянд маҳорат дар баён. Камтар аз нависандагони мо ин фазилатро доранд».
Воқеан, қиссаву ҳикоёти нависанда ҳаётӣ, табиӣ ва бо сабки тоза ширину дилнишин эҷод шуда, аз қавле, дар матну батн андешаву дар дил эҳсос бедор мекунанд. Ибораву вожа ва калимаҳои нав зиёд корбаст гашта, ҷумлаҳо дастхурдаву обшуста нестанд. Нависанда дар тасвири ҳолат ва авзои руҳии персонажҳо муваффақ мебошад. Ҳамзамон дар пардаи латифи танзу киноя масоили мубрами ҷомеа низ дар ҳикоёти адиб таҷассуми бадеъ ёфтааст. Завқу диди адабӣ ва танзи латифи нависанда камназир аст. Қиссаҳои «Маҳтоб дар ҳиҷоб» ва танзи «Хушдаргумҳо» аз шумули насри арзишманди муосири тоҷик маҳсуб мешаванд.
Дар зер порчае меорем чун чошнӣ аз қиссаи “Маҳтоб дар ҳиҷоб”
Хуршеди лаби боми субҳ – ягонаву ҷовидона дар олам, ки аз вафодории беҳади худ лофу газоф намезад, бедиринг роҳии осмон шуд. Дар ин соат, ки Хироҷи хушсурат пушт ба девор ниҳодаву кадом сӯ рафтанашро саҳеҳ намедонист, бо ҳоли харобу дили кабоб қарор кард: «Илоҷе намебинам, бояд қотили ин шавам. Аз ғаму ғуссаи беҳуда дар маҳбас бошам, беҳтар, охир! Ҳо, маҳбус ки шудам, ҳатман ба озодӣ мерасам, аз ранҷу ғаму дарди ӯ озод мешавам. Муҳиммаш, на мисли шамъ месӯзам, на ба дӯстии дерини падару хусурам зиён мерасонам. Қарор ҳамин: ӯро не, бояд инро ба қатл расонам!».
Аз он ки номи кас зери чархи барин куллан дар зеҳнаш наменишаст, Зуҳроро «ӯ» гуфт ва Фотимагулро «ин». Чаро ки пас аз бемории руҳзадагӣ заъфи хотира ёраш шуда буд ва ба илова, баъзан бо имову ишора канда – канда «ҳарф» бар лаб меовард, бештар ба мухотаб ҳуш мешуд. Кунун, баъд аз тасмими қатли Фотимагул, соири фикрҳои дарҳаму барҳам ва хому хаталаи Хироҷи хушгилу қоматбаланд ва дидадарову сарсапед чун матои фарсудаву дарида як он лағв гаштанд. Дар сараш танҳо ин амал ба ҷадал қарор ёфт. Ирода кард, тан ба тақдир супорад ё аз осмони баланд бар сараш санг биборад, қарорашро ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир надиҳад ва аз раҳи куштор асло барнагардад. Ӯ фикрашро лаҳзае аз кӯраи мағз ба канор набурд ва мисле тани суру якрав, ки дар ҳама кор танҳо раъйӣ худро барҳақ медонад, маҳкам по ниҳод. Ҳамон соат дар азми хеш ҷазм барафзуд, то нақшаи ногаҳон ба сар рехтаашро пиёда созад ва аз дарди ғамбори парешонӣ хешро сабуку раҳо. Гарданкаҷ пеши Фотимагул омад ва бо нияти висол арзи матлаб намуд: «Им – им ша – шаб, со – со а – а – ти ду – ду… воз – воздаҳ…». Ҷавонзани хушрабо, магарам бар лабаш сураи эҳё дамид, ки бо лабханди нарм посух гуфт: «Ҳатман, ба хости Худо, интизорат мешавам, биё!…».
Ин буд, ки Хироҷ дами роҳрави бетиразаи хонаи иҷораи Фотимагул, ки дар ошёнаи болои бинои рангбохтаву фарсудаи чорқабата воқеъ гаштаву мудири қаҳвахонаи «Хушмазза» мулақаб бо Ҷумъа Дӯнгӣ соҳиби он буд, дигарбора тасмими худро пеши рӯ овард, сарашро ду – се раҳ такон дод, фикрҳои гуна – гунаро аз мағз биронд, иродаашро ба такрор устувор сохт ва гоҳе ки маҳтоб дар ҳиҷоби чодари сиёҳи шаб печида буд, аз қабати якум кебида – кебида поғундаҳои лабрехтаро зер кард, коҳилона боло шуд. Чун ҳамеша раҳрави печ дар печ аз поин то боло аз гӯри торику борик мегуфт, чаро ки ин бинои даврони хурушёвии солҳои шасти асри мозӣ, на танҳо бетиреза, бал аз як фурӯзонаки милттосии хирасӯз ҳам бебаҳра буд…
Ин китоб соли гузашта чоп шудааст ва ҳоло онро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кард.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд