Китоби нав. Салмони Соваҷӣ: Достони «Ҷамшед ва Хуршед
Достони “Ҷамшед ва Хуршед”. Таҳияи матн ва муқаддима аз доктори илмҳои филология, профессор Умринисо Казакова. – Душанбе: 2024. – 222 саҳ.
Ҷалолуддин ибни Алоуддин Муҳаммад, мутахаллис ба Салмони Соваҷӣ, аз ҷумлаи адибони забардастест, ки осори пуробурангу ҷаззоби ӯ ҳанӯз дар айёми зиндагиаш таваҷҷуҳи аҳли адабро ба худ ҷалб карда буд. Дар асрҳои минбаъда низ аксари муаллифон ба эҷодиёташ баҳои баланд додаанд.
Як маснавии шоир достони «Ҷамшед ва Хуршед» мебошад, ки 2700 байтро дар бар мегирад. Дар достон аз муҳаббати Ҷамшед, писари шоҳи Чин ва Хуршед, духтари Қайсари Рум ҳикоят карда мешавад. Ҷамшед ҷавони далеру пурҳунар буда, кӯшиши зиёд менамояд ва дар охир ба мақсади худ мерасад…
Достони мазкур бо сабку услуби содаву оммафаҳм нигошта шудааст ва дорои аҳаммияти бузурги адабиву бадеӣ буда, барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Дар сарсухани китоб бо номи “Зиндагинома ва мероси адабии Салмони Соваҷӣ” муаллиф нигоштаасст, ки Салмони Соваҷӣ дар давоми умри худ бо бисёр суханварони бузурги асри ХIV, ба мисли Убайди Зоконӣ, Носири Бухороӣ, Муҳаммад Ансори Табрезӣ, Сироҷ Қумрии Қазвинӣ вохӯрда, суҳбат намудааст ва бо онҳо робитаи дӯстӣ доштааст.
Салмон “Соқинома” ва ду маснавии ишқии ҳамосӣ эҷод кардааст. Яке маснавии “Фироқнома”, ки инъикоси воқеаҳои замони худи ӯст ва дар соли 770 ҳиҷрии қамарӣ навишта шудааст. «Фироқнома» маснавии ошиқона буда, дар баҳри мутақориби мусаммани мақсур навишта шудааст ва 1000 байтро дар бар мегирад.
Ин достон бахшида ба муҳаббати Султон Увайси Ҷалоирӣ ва писари Хоҷа Марҷон Байрамшоҳ, ки соли 769 ҳиҷрӣ вафот кардааст, бо фармони ин подшоҳ навишта шудааст. Достон аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки муаллиф зимни ҳикояҳо аз баъзе воқеаҳои таърихӣ низ ёдовар мешавад.
Дигар аз маснавии шоир, ин достони «Ҷамшед ва Хуршед» мебошад, 2700 байтро дар бар мегирад. Дар достон аз муҳаббати Ҷамшед, писари шоҳи Чин Шоҳпур ва духтари Қайсари Рум-Хуршед ҳикоят карда мешавад. Сабаби назми асарро шоир чунин баён мекунад:
Салмон дар муқаддимаи достон нақл мекунад, ки рӯзе Султон Увайс ӯро ба назди худ даъват карда, мегӯяд, ки “хусравона нақше аз нав” бисозад ва достони ошиқонаи ҷадиде бипардозад, зеро қиссаи “Вомиқу Узро”, “Хусраву Ширин” ва “Вису Ромин” куҳна шуда, дурри шаҳвори Низомӣ сиёҳ гаштааст. Салмон барои он ки “ҳаққи неъмати панҷоҳсола”-ро ба ҷо оварда бошад, достони “Ҷамшед ва Хуршед”-ро барои султон месарояд…
Хонандагон китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.