Китоби нав. «Саратоншиносии кӯдакон»
Ин китоб аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва соли ҷорӣ дар нашриёти “Шарқи Озод” чоп шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, китобест аз саратоншиносӣ ва дақиқан барои устодон ва муҳассилони риштаи тибби макотиби оливу миёнаи тиббӣ пешниҳод шудааст.
Моро сарсухани китоб ба худ ҷалб кард ва чун як масъалаи хеле муҳим: омӯзиш, такмили донишҳо, ҷоизадорӣ, мақоланависӣ дар соҳа ва ғайраро дарбар гирифтаву андешаҳои ҷолиберо матраҳ кардааст, хостем дигарон ҳам онро бихонанд.
Ва зимнан: Китоб ба забони хеле фаҳмо ва бо риояи ҳама қоидаҳои граматикаи муосир, шаҳри комили истилоҳот ба забони тоҷикӣ зери назари профессор Ҷумабой Сангинов нашр шудааст.
САРСУХАН
Бар дарки ин нукта пай бурдам, ки гӯё илми муосир саропо шабеҳи китоби таомҳост, зимнан ба ҳеҷ кас иҷозаи зери суол бурдани назарияи таомпазӣ дода нашудааст, ҳамчунин ба феҳрасти нусхаи таомҳо ҳарфи тозаеро илова кардан номумкин ба назар мерасад, магар ин ки иҷозаи хоссаи сарошпазро дар ихтиёр доршта бошем.
Олдос Хаксли “Дунёи нави ҳайратангез”
Мураббаи худ дареро медонам, ки ба рӯйи ман дунёро
боз кард…
К. Малевич. Аз мактуб ба М.Матюшин
Коршиноси бахши таърихи илм натиҷаи пажӯҳишҳои пешинро аз мавқеи таърихнигорӣ баррасӣ намуда, метавонад бар асари васваса чунин изҳори андеша кунад, ки парадигмаҳои дахлдору худи дунё кай дучори дигаргунӣ хоҳанд гашт. Донишмандон бо парадигмаҳои тоза саргарм шуда, абзорҳои нави пажӯҳишро ба даст меоранд ва бахшҳои тозаеро ба доираи таҳқиқ мекашанд. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки зимни инқилоб пажӯҳишгарон чизи тозаеро бо чашми сар дида, ҳатто то ҳини лаҳзаҳое, ки аз абзорҳои маъмулӣ дар бахшҳои то ин дам таҳқиқнамудаашон кор мегиранд, натиҷаҳои дигарро ҳосил мекунанд.
Томас Кун “Таркиби инқилобҳои илми”
Ман иқтибосро аз се нависанда ва файласуфи маъруф, ки дар мусавварот, адабиёт ва ҷаҳонбинии одамон таъсиргузоранд, ба сифати эпиграф интихоб намудам. Онҳо аз сохтани самти нав натарсиданд, аз танқиду сарзаниши ҷомеа наҳаросиданд ва ҳар кадом дар адабиёт, илм ва фалсафа пайроҳае дар самти нав боз намуданд. Ҳар дафъа замоне ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ё супермаркет меравам ва сақич ё нӯшокиҳои газдорро мебинаму роҳеро меандешам, ки барои рушд кардану маъруфият пайдо намудан тай кардаанд, дар тааҷчуб меафтам! Ин кори фавқулода азими донишмандон, муҳандисон ва маркетологҳо мебошад. Таҳлилнамоӣ ва иҷтимоишиносӣ, хароҷоту даромадҳо. Аммо, пеш аз ҳама, рушду хоҳиши инноватсия, саъйи аз дастовардҳои болотар чанг задан дар соҳоте, ки гӯё дар он ҷо рушд имконнопазир аст.
Дар коре аввалин шудан, сохтан ё татбиқ кардани чизе, ки то шумо касе онро накардааст. Бигзор он чизе бошад, ки дар нигоҳи аввал чандон эътибор надошта бошад, аммо барои ғояҳо ва инноватсия ҳамчун нуқтаи такягоҳӣ ва инкишоф хизмат хоҳад кард. Борпеч ё ҳатто тобиши нави рангеро барои сакич ихтироъ кунед. Шояд барои ихтироъ намудани таъми наве бароятон ёрӣ мерасонад.
Ман зуд-зуд аз ҳамкоронам мешунавам, ки дар бораи донишҳои бунёдӣ, масалан, аз физиология ё гистология китоби наве навиштан мумкин нест. Дар ҷавоб ба онҳо аз таассуротам оид ба эволютсияи сақич ва нӯшокиҳои газдор ҳарф мезанам. Ҳамеша дар шаклу қолаби наве пешниҳод кардани маълумот, тарзи ифода ва ороиши он, пурра кардани донишҳои заминавӣ ва шарҳу тафсири онҳоро дар заминаи дигаршавии парадигмаи илмӣ пайдо кардан мумкин аст.
Шоир, рассом, хайкалтароши маъруфи олмон ва франсавӣ Жан Арп, муаллифи ҳайкали “Одаме, ки гулро назорат мекунад” нишон дод, ки ҳама метавонад шеваи нав, диди нави ашёҳои мукаррарӣ, шарҳу тафсири догматҳои куҳнашуда пайдо намуда, парадигмаи нав созад.
Дар тиб, монанди соҳаҳои дигар барои ҳама ҷой ҳаст: ба табибони мукаррариву донишмандон, ки заҳмати ҳаррӯзаи онҳо сабаби ҳастии ҷомеа аст; омӯзгорон, ки ба туфайли онҳо мудовамати донишҳо таъмин мешавад; ва ба аввалин кашфкунандагону ихтироъкорон, ки рушди минбаъдаро муайян менамоянд; дасисакорону қаллобони беистеъдоде, ки кӯшиши пинҳон намудани беҳунарии худро намуда ба донишҷӯён, ординаторон, аспирантҳо, шуъба, клиника, муассисаҳои олии таълимӣ бе асос монеа эҷод мекунанд.
Дар бораи муҳиммияти кори илмӣ ва фаъолнок будан дар кори интишоротро дар хотир дошта бошед. Дар дунёи донишҳои тиб шумо касе нестед, ки аз уҳдаи коре мебароед, шумо касе ҳастед, ки чизе навиштаед ва он мондагор аст.
Чизе бадтар аз он нест, ки дар асорати ашхоси муътабар, мулоҳизакор, васвосӣ, роҳбарони илмиву омӯзгорон, профессорону академикҳо бошед. Ҳар асорат, хоҳ доимӣ бошад хоҳ муваққатӣ ҳамеша натиҷаи сарбаста дорад.
Ҳамон иттиҳодияҳое, ки бештар ба мураббиён таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ба дастовардҳо ноил гардиданд. Шумо метавонед дар интихоби устод ғалат кунед, устодон низ аз шумо дилмонда мешаванд.
Профессороне, ки мақола наменависанд, лексияҳои худро такмил намедиҳанд, ба худ моил намекунанду андешаҳо пешниҳод намекунанд. Мақолаҳо фақат пеш аз ҳимоя навишта мешаванд, баъд аз ҳимоя бошад, ҳамагӣ бо дигарон, асосан бо ҳамкорон ё шогирдон ҳаммуаллиф мешаванд. Мақолаҳояшон чӣ навигарӣ доранд? Дар аксари ҳолатҳо ҳамагӣ тасдиқи андеша ва хулосаҳое, ки дар кишварҳои дигар пайдо шудааст, онро такроран тасдиқ намуда, фақат расман бо ороиши дигаргуншудаи таҳқиқ собит мекунанд.
Академикҳои АИР-и шуъбаи илмҳои тиб киҳоянд? Оё дар байни онҳо ихтироъкорони соҳаи тибби бунёдӣ зиёданд? Бештар директорони марказҳо ва роҳбарони муассисаҳои илмие, ки коллективҳои роҳбарикунандаашон онҳоро пешниҳод кардаанд. Зимнан ҳамагӣ баъзеашон дар соҳаи илм саҳм доранду халос.
Ман ғарбпараст нестам, мисоле меорам дар намунаи Академияи миллии илмҳои ИМА, ки мувофиқи муқаррарот “мушовири миллӣ оид ба масоили илм, техника ва тиб” ба шумор меравад. Аъзоёни онҳо дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд: 2461 нафар аъзои ҳакиқӣ ва 511 хориҷӣ, аз ҷумла 190 лаурети мукофоти Нобелӣ. Аз табибони рус бошад, танҳо И.П. Павлов (1908), психолог ва невропатолог А.Р. Лурия (1968), генетик Н.П. Дубинин (1969) чунин тавсифнома доранд.
Академияи миллии илмҳои ИМА барои дар илми тиб саҳм доштан нишони Ҷесси Стивенсон-Коваленкоро таъсис дод. Пардохти мукофот аз воситаҳои пулии мақсадноки Фонди Ҷесси Стивенсон-Коваленко ба амал оварда мешавад, ки собик профессори математика ва астрономияи Донишгоҳи Пристонӣ Майкл (Михаил Степанович) Коваленко ба хотири ёддошти ҳамсараш Ҷесси Стивенсон таъсис дода буд. Нишони мазкур соли 1952 бори аввал мукофотонида шуд, ки то ин замон дар дунё 25 лауреат ин туҳфаи муътабарро дорад ва аз ин миён 7 нафар аз мукофотгирифтаҳо барои таҳқиқот дар соҳаи саратоншиносӣ мебошад. Соли 2020 нишон ба Берт Фогелштейн – саратоншиноси амрикоӣ, пешсафи соҳаи гномикаи саратон супурда шуд, ки маъруфтарин донишманд дар дунё шинохта шудааст. Ин нукта пурғунҷоиш будани илми саратоншиносӣ, муҳим будани таркиби илмии онро нишон медиҳад. Магар аз чониби донишмандони рус дар ин соҳаи тиб навиштаҳои зиёде мавҷуд аст?
“Мураббаи сиёҳ”-и худро созед, ки дар илм манифести супрематизм гардад. Тавре санъатшиносон дақиқан кайд мекунанд, “агар асари санъат аз рӯйи шохиси иктибоси “Мураббаъ” арзёбӣ гардад, эҳтимол дар байни онҳо ҷойи аввалро ишғол намояд”. Тавре К. Малевич менависад “ва мегӯям: ки ягон чордевораи Академия зидди замонӣ гузаранда истодагарӣ карда наметавонад. Шаклҳо тавлид мешаванду харакат мекунанд ва мо ихтирооти нав ба нав мекунем. Он чизеро, ки мо кушодем, онро намепӯшанд. Дуруст нест, ки ҳоло за… ҷориро дар қолибҳои куҳна ғунҷонем”.
Максим Юревич Риков
Хонандагони хоҳишманд, бахусус донишҷӯёни риштаи тиб китоби “Саратоншиносии кӯдакон”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардони фонд.