Китоби нав. ШАҲДИ ШИФО (Ҳар дардеро даво)
Муаллиф Муҳаммадрасули Раҷаби Иброҳимзода маълумот дар бораи бемориҳо, тарзи табобати онҳоро вобаста ба суолҳои ниёзмандон, ки тўли тақрибан ду сол дар ҳар шумораи «Ёрии таъҷилӣ» нашр шуда буданд, гирд овардааст. Ҳар як хонанда аз мутолиаи он барои хуб баҳрае мегирад. Ба таври дигар гуем, дили кас аз хондани ин гуна китобҳо равшан мешавад.
Доктори илмҳои тибб, профессор Юсуф Нуралиев дар бораи муаллиф менаисад: Муҳаммадрасули Раҷаби Иброҳимзода зодаи шаҳри Ваҳдат мебошад. Ў соли 1977 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм карда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст.
Тўли солиёни зиёдест, ки роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти бобояш – ориф, табиби машҳур ва олими тавоно, Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳи Сурхиёнӣ, мавод гирд оварда, тадқиқоти илмӣ анҷом медиҳад. Бар асари заҳматҳояш китобҳои арзишманди «Офтоби паси абрҳо», «Панди авлиё», «Ғулчин аз тибби Мавлавӣ», «Моҷарои ишқи духтари курд», «Аз Ромит то ба Бухорою Дарвоз», «Васияти пеш аз марг», «Ситораҳои пурҷило», “Мизони давр» ва «Қатрае аз тибби Набавӣ» руйи саҳфа омада, борҳо аз нав ба табъ расидаанду дастраси хонандагон гардидаанд. Имрўзҳо ҳазорҳо ҳаводорону ихлосмандони каломи бадеъ аз пайи дарёфти ин китобҳо ҳастанд.
Муҳаммадрасули Раҷаби Иброҳимзода соли 2010 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд ва соли 2011 ба тавофи Хонаи Худо рафта буд.
Ў дорандаи сертификати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии «Тибби халқӣ» буда, ҳамчун нозири калони шуъбаи ба танзим даровардани табибони халқӣ мебошад. Дар айни ҳол ба табобати маризон машғул мебошад. Ба ақидаи банда, китоби «Шаҳди щифо» яке аз беҳтарин асарҳои тибби мардумӣ ба шумор меравад.
Садҳо беморон аз табобати ин табиби мардумӣ шифои комилу оҷил ёфтанд.
Китоби “Шаҳди шифо”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутоиа намоед.
Таҳияи Исроил Иброҳимов