Китоби нав.  Шаъмигул Мўсоева.  “Гулрезаҳои Хаёл”                                                                                                

 «Гулрезаҳои хаёл» китоби дуввум Шаъмигул Мўсоева аст. Шаъмигул, ки пастию баландиҳои рўзгорро дидаву талхиву шириниҳои онро борҳо чашидааст, эҷодиёташ саросар ҳикмату панд ба ҷавонон ва сўзу сози зиндагист, дард асту шукрона. Ўтавонистааст, ки дар осори эҷоди насриву назмиаш барои хонандаи хуб роҳи фардои дурахшонро ҳидоятгар бошад.

   Мўсоев Шаъмигул Мадутовна 15-уми марти соли 1957 дар деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Соли 1964 аввалин қадамҳои хешро ба муассисаи таълимии №-3и ноҳияи Восеъ гузошта, соли 1974 онро ба сари баланду дониши хуб хатм кардааст. Шаъмигул дар сини 8-солагӣ аз навозишу меҳрубониҳои модар бенасиб гашт, зери тарбияи падараш Абдулмадут Мўсозода ба воя мерасад. Муҳаббат ба шеъру шоирӣ аз даврони мактабхонӣ дар қалби Шаъмигул ҷой шуда, мисли дарахт реша медавонад. Ҳанўз як духтараки мактабхон буду дар маҳфилҳо шеър мехонд, чорабиниҳоро бо замзамаи шеъру таронаҳои шоирони класик ранги дигар мебахшид.

Ў хонандаи фаъолу пешсаф ва чусту чолоки таълимгоҳ ба шумор мерафт, узви маҳфили санъаткорони бадеӣ буд. Ҳамчунин таваҷҷўҳ  ба рақс  дошт ва зери оҳангҳои дилчаспи мутрибон гоҳе дар чорабиниҳо мерақсид ва бо рақсҳои мавзунаш маҳфилоро буд. Бо диплому ифтихорномаҳои  зиёд ва илму дониши баланд ҳатми мактаби миёна карда бошад ҳам, шароити вазнини рўзгор нагузошт, ки ў идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ кунад. Ва пас аз хатми мактаби миёна вориди хонаи бахт гашт.

    Шаъмигул оиладор ва соҳиби 5 фарзанд –Аҳмадҷон (руҳаш шод бод), Зебонисо , Алиҷон, Саодат ва Абдулазизҷон мебошад. Шавҳараш шодравон Муҳаммад Холзода  солҳои зиёд дар муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Восеъ ба ҳайси омўзгори фаоли фанни риёзӣ кор карда , Узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муаллифи 5-асари назмӣ мебошад.

  Китоби аввалини Шаъмигул Мўсоева ба номи «Садои дил» соли 2021 аз чоп баромадааст.

Китоби “Гулрезаҳои хаёл”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

   Таҳияи Гулрӯ Исмоилова.