КИТОБИ НАВ.  Шарифхўҷа Ҳасанов. Фарзонафарзанди миллат

Олим, ҳуқуқшиноси варзида Шарифхўҷа Ҳасанов дар китоби нави илмӣ- публитсистии худ, ки ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад, дар бораи марҳилаҳои таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, бўҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ, дар бораи Тоҷикистон – ҳамчун давлати мустақил дар харитаи ҷаҳон, марҳилаи нави таърихи тоҷикон, оғози нооромиҳои солҳои навадуми қарни гузашта, парокандашавии ҷомеа ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, иҷлосияи тақдирсози XVI Шўрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаҳои ҳассос ва фаъолияти самарабахши сиёсии ин фарзонафарзанди тоҷик дар таъмини пойдории сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон, дастовардҳои муҳимми замони истиқлолият, саҳми шахсии Пешвои миллат дар рушди устувори мамлакат, саноатикунонии мамлакат, рушди соҳаи маориф, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёту зиндагии мардум дар тўли 30 соли охир ба таври мухтасар ҳикоят мекунад.

      Китоби “Фарзонафарзанди миллат” зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, барандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф Шоҳиён Нуралӣ Набот, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҷононов Сайидамир, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Раҳималӣ Нуриддинов ва генерал – майор, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III Қурбоналӣ Ҳасанов (шодравон) ба нашр омода гардидааст.

      Китоби “Фарзонафарзанди миллат” бо ин иқтибосҳо аз суханони се шахсияти таърихӣ: Владимир Путин – Президенти Федератсияи Русия, Шавкат Мирзиёев-Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва Чингиз Айтматов-нависандаи маъруфи қирғиз дар бораи Пешвои миллат оғоз шудааст:

Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кўшишҳои ў нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст.

                                                          Владимир Путин,

                                 Президенти Федератсияи Россия

***   ***   ***

Ба шарофати сиёсати дурбинона ва ҳикмати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта ва рушди иҷтимоию иқтисод устуворона таъмин гардида, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад. Мардуми Ўзбекистон аз дастовардҳои назарраси ҳамсояи наздиктаринамон дар ҳама соҳаҳо самимона хушҳол аст.

                                                                Шавкат Мирзиёев,

                                     Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон

***   ***   ***

  Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рўзгори одамон ўро ба мақому манзалати олӣ баровардааст.

Чингиз Айтматов

 

 

Таҳияи Мавзуна Назарова,

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.