Китоби нав. Шераки Ориён: “Қисса ва ҳикояҳо, ки ки ба 43 забони олам тарҷумаю нашр шудаанд

Муаллиф дар ин китоб он қиссаву ҳикоётеро, ки солҳои мухталиф ба 43 забони олам тарҷумаву нашр шудаанд, гирд овардааст. Тавре  аз муаррифи китоб дармеёбем,  нигоштаҳои муаллифи ин асар, яъне Шераки Ориён тарҷумаю  нашр шуда ба 43 забони олам, аз он ҷумла бо забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, чопонӣ, чини, ҳинду, урду, полякӣ, қазоқӣ, украни, белорусӣ, ӯзбекӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испониву арабӣ ва ғайра.

Вай муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда мебошад, яъне 96-то бо тоҷикӣ, 11-то бо русӣ, чорто бо инглисӣ ва сето бо ўзбекӣ. Шераки Ориён ҳамчунин муаллифи зиёда аз чил филми бадеӣ, фалсафӣ ва санадӣ маҳсуб шуда, эчодиёташ ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст.
Навиштаҳои Шераки Ориён ба китобҳои дарсии кишварҳои дигар ворид гардидаанд, баъзе асарҳояш чун дастури таълимӣ барон Донишгоҳ ва Донишкадаҳои як миқдор мамолики дунё мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Килки истеъдодаш килки заррин, яъне тиллой эълон шудааст, ки аз он сеҳр мерезаду асрор. Яъне вай дорандан ҷоизаи хосаи «Килки заррин» мебошад.

***   ****   ****

Нигоштаҳои басо хушобуранг ва нерӯманд ва ҷаззоби Абдурофеъ Рабиеви тоҷик (Шераки Ориён) таваҷҷуҳамро ба худ кашиданд.

Навиштаҳои ҷаззоби ин қаламкашро хонда, боварие аз дилам бархест, ки худованд ба инсоне беҳуда истеъдод ато накарда ва дар истеъдод чизе ки зиёд қадр мешавад ин талоши дарк кардани ҳақиқати ҳаёт бошад, ин ҳақиқатро ба асос гирифтан бошад, аз рӯи ин ҳикмат амал намудан бошад, ё онро ба тасвир кашида тавонистан бошад…

Анатолий Ким адиби аввалтози Русия. (Аз пешгуфтори китоби “Когда ушол дорбоз”, нашриёти “Молодая гвардия”, Москва.

***   ****   ****

Эҷодиёти Шераки Ориён басо самимӣ, пур аз одамгарӣ ва бо сюжаи қавӣ, бо хисолҳои аёну барҷаста ва ибратбахшу хотирмон офарида шудаанд.

Шераки Ориён насри тоҷик ва ҳамчунин филмномаҳои тоҷикро пур аз меҳру умеду назокату самимияту мўъҷиза карда тавонист, ки ин ҳама аз ботини покиза ва истеъдоди арзанда ва фардияти шоистаи ин эҷодкор гувоҳӣ медиҳад…

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА

академик, ходими номвари давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

***   ****   ****

Қиссаи «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ» ва басо қиссаю  ҳикоятҳои дигари Абдурофеъ Рабиев (Шераки Ориён)-ро метавон аз муваффақиятҳои насри панҷоҳ  соли як  адабиёт шуморид…

Зоя   АСМАНОВА,
адабиётииноси   сатҳи ҷаҳонӣ
 .

Хоҳишмандон китоби нависандаи маъруфт Шераки Ориён “Қисса ва ҳикояҳо, ки ба 43 забони олам тарҷумаю нашр шудаанд”- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

 З. Имомова, сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон.