Китоби нав: «Шералӣ Мўсо дар пажўҳишҳои илмиву оммавӣ»
Мураттиби китоби «Шералӣ Мўсо дар пажўҳишҳои илмиву оммавӣ» Ифтихор Юсуфӣ буда, доктори илми филология, профессор Мурод Муродӣ муҳаррири он аст. Ин китоб дар шакли маҷмуа тартиб ёфта, дар он такризҳо, маколаҳои илмиву оммавии муҳаққиқону алоқамандони каломи бадеъ ва рўзноманигорон доир ба зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва осори публитсистиву бадеии адиби маъруф Шералӣ Мўсо, ки дар солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд гирдоварӣ шудааст.
Профессор Мурод Муродӣ дар сарсухани худ менависад: Ҷойи қаноамандист, ки муҳаққиқи ҷавон Ифтихор Юсуфӣ тавонист дар тўли шаш моҳ асарҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон, публитсист Шералӣ Мўсоро ҷамъоварӣ намуда, на танҳо бо мазмуну моҳияти он ошно гардид, балки онро ҳуруфчини карда барои чоп омода намуд.
Маводи ҷамъовардаи ӯ аз он далолат мекунад, ки таҳқиқи осори бадеиву публитсистии нависандаи пурмаҳсул Шералӣ Мӯсо ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои 80 шуруъ гардидааст. Ин нигошта ба қалами нависандаи публитсист Ато Ҳамдам мансуб буда, дар шакли сарсухан ба маҷмуаи очеркҳои “Боғи падар” (1986) интишор гардиааст.
Баъдтар адибону публитсистон ва муҳакқиқони соҳаи адабиёту публитсистика ба осори Шералӣ Мўсо таваҷҷуҳ намуда, диду маърифат ва нигоҳи худро дар шакли тақриз ва мақолаҳои илмӣ манзури хонандагон гардонидаанд.
Маҷмуа барои муҳаққиқон, унвонҷуён, омўзгорон, донишҷўёни риштаҳои адабиёту публитсистика ва журналистика пешбинӣ шудааст.
Хонандагони азиз китоби “Шералӣ Мӯсо дар пажӯҳишҳои илмиву оммавӣ”-ро метавонад дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассис шуъбаи
мукаммалгардонии фонд