Китоби нав. Шералӣ Мусо: «Теғи Сино гирифт»

Теғи Сино гирифт«Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мусо дар қиссаи мустанади «Теғи Сино гирифт» бо маҳорати баланди эҷодӣ симои фарди муътабару маъруф, доктори илми тиб, профессор, дорандаи ордени «Шараф», барандаи Ҷоизаи ба номи академик Мансуров, медали «Ифтихори миллат», муаллифи се кашфиёти илмӣ ва панҷ ихтирои ратсионализаторӣ Сайбилол Қурбоновро офаридааст.

Дар он «ташаккули характери фард» ба назар мерасад ва муаллиф дар асоси саҳнаҳои рӯзгор бо истифодаи сухани мухайяли созгор симои қаҳрамонро дар тасаввури хонанда меғунҷонад.

Саҳнаҳо, санадҳо ва факту рақамҳо бо ҳам хуб омезиш ёфтаанд, низоми хронологӣ ҷараёни хуб пайдо кардааст, образи мувофиқу комил арзиши мавзуъро муайян сохтааст ва ҷузъиёти бадеии он ҳусни таваҷҷуҳи хонандаро бедор мекунад».

Китоби Шерали Мӯсо соли 2025 дар нашриёти “ЭР-граф” аз чоп баромадааст, хонандагон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.