Китоби нав: Шералӣ Ризоён “Чашмандози ҷаҳоншиносӣ”
Ин китоб чанде пештарак дар нашриёти “Ирфон” рӯи чоп омадааст ва муаллиф лутфан чанд нусха аз онро ба Китобхонаи миллӣ ҳам супурдааст. Чуноне дар муаррифии кутоҳи китоб мехонем, он бо омезиши сабки сафарноманависӣ ва таҳлилнависӣ рӯйи коғаз омадааст.
Навиштор дар асоси дидаҳо ва бардоштҳои сафар аз Амрико, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон, ҳамчунин пажуҳиши дафтарӣ ва таҷрибӣ таҳия гардид. Дар фасли якум раҳоварди сафар аз Вошингтон (Ҳавзаи Колумбия), Ҳонолулу (Иёлати Ҳавайӣ) ва Сан-Франсиско (Иёлати Колифорниё), рӯйкарди Амрико дар сӯйи Чин ва сабабҳои садгузории ҷаҳонии ин қудрат, сиёсат ва рӯзномаи Амрико дар сӯйи Осиёи Марказӣ ва ҳафт паёмади имрӯзии он, чашмандози ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижжа муносибатҳои Тоҷикистону Амрико бозгӯ мегарданд.
Дар фасли дуюм дидаҳо ва бардоштҳо аз сафар ба Иравон, Тифлис ва Боку, сабақҳои омӯзандаи Қаробоғ, арзёбии равандҳои имрӯзии геополитикии Қафқози Ҷанубӣ ва роҳбурди қудратҳои ҷаҳонию минтақаӣ дар сӯйи ин минтақа,гуфтумони “ҷанги долонҳо” ва “чорсӯйи долонҳо” дар ин ҷуғрофия, ҳамчунин, дурнамою афзалияти ҳамсони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, ба вижа омили Созмони кишварҳои турк ва хатҳои сурхи Тоҷикистон баҳсу баррасӣ мешавад.
Китоб барои коршиносон ва пажӯҳишгарони илмҳои сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷомеашиносӣ, оянданигарии сиёсӣ ва ба доираи густардаи хонандагон тавсия шудааст.
Муаллиф дар бахши равиши навиштани китоб менигорад: Чанде аз ҳамкасбон гуфтанд, ки ёдошти бардоштҳо аз ҳамоишҳо дар дафтар нишоне аз мактаби пешини пажуҳишӣ буда, дар асри пор бештар корбурд мешудааст. Ҳоло дар нишасту ҳамоишҳо иштирокдорон танҳо ишораҳо мекунанд ё чизе наменависанд. Инҷониб ба таври худкор нуқтаҳои ба назарам муҳим ва бардоштҳо аз гуфтаҳои суханрононро дар дафтар менависам. Бинобар ин, зерфаслҳои таҳлилии сафари Амрико аз рӯйи ҳамин ишораҳо навишта шуда, бахши таҳлилии фасли Қафқози Ҷанубӣ камтар дар асоси гуфтугӯҳо ва бештар дар натиҷаи пажӯҳиш рӯйи қоғаз омаданд.
Дар бораи номи китоб. Дар оғоз ин китоб ному фаслҳои гуногун дошт, ки чанд бор дигар кардам ва саранҷом ин гуна шуд (фаслҳои монда, вазифа барои оянда ҳастанд). Субҳи 2 декабри соли 2025 замони роҳгардӣ ин ном ба сарам омад. Вожаи “ҷаҳоншиносӣ” баргирифтаи мазмунӣ аз китоби “Кимиёи саодат”-и файласуфи бузургамон Муҳаммад Ғаззолӣ аст ва сатҳе аз “шиносӣ”-ҳо (худшиносӣ,худошиносӣ,ҷаҳоншиносӣ ва охиратшиносӣ) мебошад.
Дар дӯши худам будани тамоми масъулият. Дар таҷрибаи коршиносӣ бо як падидаи аҷибе рӯ ба рӯ гардидам. Баъзан назари як коршинос аз сӯйи пажӯҳишгарон, шореҳон ва кормандони пажӯҳишгоҳҳои роҳбурдӣ бо мавқеи расмии кишвари хостгоҳаш ҳамсон дониста мешавад. Чандин мисолро оварда метавонам, вале бо зикри яке аз онҳо иктифо мекунам. Шахсе, ки худро коршиноси ҳамаи масъалаҳои Осиёи Марказӣ медонад, дар мусоҳибае назари инҷонибро ҳамчун мавқеи расмии сарзаминамон бозтоб дод. Чунин рӯйкард корбурди густохонаи меъёрҳои дугона аст ва ҳадафаш маҳдудсозии андешидану баррасии рӯзномаи муҳим мебошад.
Шигифтовар он ки чунин касон агар худашон чизе гуфтанд ё навиштанд-назари шахсӣ аст. Агар каси дигар андешае ё таҳлилеро расонаӣ кунаду ба дидгоҳ ё интизориашон мувофиқ наояд, ё далеле барои ба чолиш кашидани онро надошта бошанд, ҳамчун назари расмии кишвари хостгоҳи гӯянда маънидод мекунанд. Чун худашон дидгоҳи пажуҳишӣ надоранд ва масъули бозтоби ривоятҳои ҳамоҳангшуда ҳастанд. Ба гуфти гузаштагонамон: “Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад”.
Агар навиштаҳо, арзёбиҳо ва мусоҳибаҳои коршиносон, пажӯҳишгарон ва шореҳони берунаро дар бораи ҷойгоҳ ва самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кунем, даҳҳо тафсирҳое ба назар мерасанд, ки бо ростинагии мавҷуд носозгоранд ва то ҷойе якҷонибаю муғризона низ ҳастанд. Агар ҳамаи онро ҷамъоварӣ кунем, як рисолаи вижае навиштан мумкин аст. Инҷониб чунин арзёбиҳоро моли худи муаллифон медонам ва ҳаргиз бо мавқеи расмии кишвари хостгоҳ ё кордеҳашон яксон намешуморам.
Аз ин рӯ, дар китоб таҳлилҳое оварда шудаанд, ки бархоста аз дидаҳои сафар ва бардоштҳоям ҳастанд. Ҳамаи андешаю арзёбиҳо мавқеи касе ба ғайр аз худам нест ва ҳеҷ рабте ба ҷонибе надорад. Гуногунии дидгоҳу андешаҳо ҷузъи табии муҳити пажуҳишиву коршиносӣ аст ва ҳатман касоне ҳастанд, ки ба ин ё он раванду падида назари дигар доранд. Аз ин рӯ, умедворам, ки барои сар назадани сӯйитафоҳум ин навишта аз рӯйи меъёрҳои дугона тафсир намегардад.
Хонандагон имкон доранд китоби Шералӣ Ризоён ”Чашмандози ҷаҳоншиносӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Адиба Мардонзода,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд