Китоби нав. Шоҳона Каримова: «Нақши Назруллоҳи Назар дар густариши равобити адабии тоҷику форс».

ШоҳонаДар замони мо муколамаи фарҳангҳову тамаддунҳову адабиёти миллӣ бузургтарин роҳи бозкарди уқдаҳои иҷтимоӣ ва тариқи даррасидан ба маърифати мафҳумҳову арзишҳои муштаракест, ки ақвоми башарро иттиҳод мебахшад. Хосса, фарҳангҳое, ки дар гузашта низ собиқаи мадиди ошноиву иртиботу ҳамбастагӣ доштанд ва ҳамеша аз файзу футӯҳи ҳамдигар истиқбол менамуданд, дар рӯзгори кунунӣ низ  бо ҳам пайванд ҳастанд.

Таъсири мутақобилаи адабиёти тоҷик ва адабиёти араб дар ҳамин шумор аст, зеро адибону шоирони тоҷику араб тӯли қарнҳо даст ба дасту дӯш ба дӯш ҷодаи рушд мепаймуданд ва аз таровишҳои маънавии ҳамдигар шодоб мегаштанд. Ин равобитаи адабӣ дар айёми истиқлоли кишвари тоҷик низ тоза ба тоза рӯнамо мешавад.

Ба василаи хидматҳои бузурги чанд тан арабшиносони номвари тоҷик, ҳамаеша армуғонҳои рӯҳонии шеъру адаби моро барои мардуми араб эҳдо мекунанд ва ҳамзамон офаридаҳои беҳини назму насри арабро барои тоҷикон тақдим менамоянд, ин силсилаи заррини дӯстиву ошноӣ ба таъбири Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Силсилату-л-заҳаб» ҳолиё низ поянда аст. Дар миёни адибону тарҷумону ҳофизони муждаросон ба монанди Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ, Абдушакури Абдусаттор, Низомиддини Зоҳидӣ, Умеда Гаффорова, Саидраҳмон Сулаймонӣ, Нурулло Ғиёсов, Фахриддини Насриддин, Умриддин Юсуфӣ ва дигарон номи яке аз мумтозтарин донандагони адабиёти араб, сафиру дабири муҳаббати ин ду миллат – Назруллоҳи Назар  тулуъи тобанда дорад.

Назруллоҳи  Назар шоир, ховаршинос ва мутарҷими тавонои тоҷик дар таърихи 30 –юми январи соли 1949 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Мавсуф соли 1967 ба шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон барои таҳсил пазируфта шуд ва ҳанӯз  дар вақти донишҷӯи курси панҷум будан, барои кор ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ ба Ироқ фиристода шуд….

Китоби ходими калони илмии Институти Осиё ва Аврупоии АМИТ Шоҳона Каримова дар бораи корнома ва осори илмиву адабии адабиётшиноси номвари тоҷик Нарзуллоҳи Назар буда, соли ҷорӣ чоп шудааст ва хонандагон онро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,

Мутахассиси шуъбаи Мукаммалгардонии фонд.