Китоби нав. Шукрихудо Мазориев: “Гулбонги андалеб”

Гулбонги андалеб«Гулбонги андалеб» маҷмўаи шеърҳои омўзгори собиқадор Мазориев Шукрихудо, ки дар солҳои гуногун эҷод кардааст иборат буда, дар мавзўъҳои Ватан, Модар, Забони модарӣ, тарбияи ахлоқии насли наврас ва муҳаббат ба табиати нотакрори ҷумҳурии азизамон ҳикоят мекунад.

Шукрихудо  Мазориев 12 декабри соли 1956 дар деҳаи Лугади ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст.

Нимаи дуюми солҳои шаст ҳамроҳи волидон ба ноҳияи Чалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) кўч бастанд. Мактаби миёнаи № 72 – и ноҳияи мазкурро соли 1975 хатм намуда, ба факултети таъриху филологияи Донишкадаи омўзгории давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, онро соли 1979 бо ихтисоси муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик ба итмом расонидааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1979 дар ноҳияи Чиргатол оғоз намуда, аз соли 1981 дар мактаби миёнаи № 43 ноҳияи Колхозобод кору фаъолият кардааст.

Аз соли 1987 то имрўз дар мактаб-интернати ноҳия чун омўзгор кор мекунад.

Ман ба дидори ту одат кардаам,

Бар гулу хори ту одат кардаам.

Офият кай бошад аз мулки касон,

Ман ба тимору ту одат кардаам.

Гар беҳ аз ҷаннат будад хоки дигар,

Ман ба ин нори ту одат кардаам.

Гар набошад дар диёри ғайр ранҷ,

Ман ба ин бори ту одат кардаам.

Гар ҳама заҳрам занад, аз шаҳд беҳ,

Ман ба ин мори ту одат кардаам.

Нони бекорӣ намебошад ҳалол,

Ман ба ҳар кори ту одат кардаам.

“Гулбонги андалеб” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Мирзоева Шарофат
шўъбаи илмӣ- методӣ ва тадқиқотӣ.