Китоби нав. “Сипаҳсолор”

СипахсолорМуаллифони ин китоби тозанашр Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ ва Фаридун Маҳмадализода мебошанд. Дар китоб аз  заҳматҳои шаборӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пуршебу фарози поягузорӣ ва рушду таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки бо бардошти сабақҳо аз таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон ва бо назардошти беҳтарин ва навтарин таҷрибаю дастовардҳои ҷаҳони  муосир ҷараён дорад, сухан меравад.

Китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла барои пажӯҳишгарону таърихнигорон, донишҷӯёну хонандагон ва алоқамандони оини лашкардорию давлатсозӣ пешниҳод шудааст ва бо дастгирии вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал – полковник Шерали Мирзо ба чоп расидааст.

Дар пешгуфтори китоб мехонем:

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлоли навбунёд дар масири эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Тоҷикистони навин аз рӯзҳои аввали арзи вуҷуд кардани худ ҳамеша сиёсати мутавозини дохилию хориҷиро пайгирӣ намуда, ҷонибдору тарғибгари ҳалли осоиштаю сиёсии ҳама гуна муноқишаҳои дохилӣ ва минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Артиши миллии Тоҷикистони ҷавон, ки бешубҳа аз рукнҳои асосӣ ва сипари боэътимоди неъмату самараҳои истиқлоли давлатӣ мебошад, бо назардошти анъанаҳои шуҳратманди ниёгонамон ва бо истифода аз таҷрибаю дастовардҳои муосир таъсис гардида, пайваста тақвият меёбад.

Тоҷикистони навин аз нигоҳи таърихи давлатдорию лашкардорӣ басо ҷавон аст, вале ба бахти баланди тоҷикон то имрӯз дар ин шоҳроҳ мероси бебаҳои омӯхтанӣ аз ниёгони шуҳратманди мо расидааст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо хидмат мекунад.

Нахустин давлатҳои бузурги олами Шарқ маҳз аз ҷониби гузаштагони мо бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, давлатҳои Каёниёну Ҳахоманишиён, Кӯшониёну Ашкониён, Суғдиёну Бохтариён, Сосониёну Ҳайтолиён, Саффориёну Тоҳириён, Тахориёну Ғуриён ва давлати бузургу абарқудрати замони худ Сомониён аз ҷумлаи онҳоанд.

Ойини шаҳрдорию қалъасозӣ, оҳангудозию силоҳсозӣ ва бунёдӣ иншооти дигари боҳашамат, асосан аз минтақаҳои зисти ниёгони мо ба гӯшаҳои гуногуни олам паҳн гаштаанд. Ҳатто дар ҳудуди давлати имрӯзаи Тоҷикистон шумораи зиёди шаҳрҳою қалъаҳое мавҷуданд, ки таърихи хеле бостонӣ доранд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гузаштагони мо аз қаъри ҳазорсолаҳои қаблӣ ҳаётӣ муқимию мутамаддин доштаанд.

Ҷонбозиҳои қаҳрамонону паҳлавонон ва гурдони номвари гузаштаи мо, ки дар саҳифаҳои таърихи башарӣ нақши ҷовидон аз худ гузоштаанд, барои ҳар ҷавонмарди далеру ватандӯст дар роҳи ҳифзи шоиста аз меҳани азизи худ чун намунаҳои барҷастаи ватандорӣ мудом хидмат менамояд.

Корнамоиҳои Золи Зару Рустами достон, Сӯҳроби ялу Сиёвуши  лашкаршикан, Коваи оҳангару Фаридун ва даҳҳо қаҳрамонони дигари “Шоҳнома”-и безавол, ҷонбозиҳои Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Спитамену Аршак, Томирису Шерак, Бадри Тархону Шаҳбол, Муқаннаву Деваштич ва Темурмалику Восеъ барин номбардорони миллати тоҷик аз далерию шуҷоат ва ватандӯстию қавииродагии ин мардуми соҳибтамаддун гувоҳӣ медиҳанд.

Истилогарони аҷнабӣ барои шикастани руҳияи озодихоҳонаи ниёгони мо бедодгариҳои бемислу монандро барояшон раво дидаанд. Дар бузургтарин шаҳрҳои тоҷикнишин чандин маротиб ҳатто қатли ом намудаанд. Онҳо ахиран маҳалҳои зисти гузаштагони моро ба тасарруфи худ дароварда, гӯё ба мақсадҳои худ мерасиданд, вале аз нигоҳи маънавию фарҳангӣ ҳадафҳои ниҳоияшон ҷомаи амал намепӯшид. Одатан, кишваркушоён кӯшиш мекунанд, то дар байни мардуми зери тасарруф гирифтаашон фарҳангу забон ва урфу одатҳои худро  ҷорӣ кунанд, вале дар Мовароуннаҳру Хуросон ин ҳолат рух намедод.

Ғосибони аҷнабӣ дар маҳалҳои зисти мардумони тоҷик бо фарҳанги волою пешқадам рӯбарӯ омада, худ моту маҳбути он мешуданд. Онҳо фарҳанг, ойини давлатдорию шаҳрсозии мардуми муқимии ин маҳалҳоро мавриди омӯзишу пазириш барои кишварҳои худ қарор медоданд.

Масалан, баъди суқути давлати Сомониён мардуми тоҷик тӯли беш аз ҳазор сол давлати миллии худро надошт, вале то анҷоми даҳсолаи дуюми асри 20 сохти давлатдорие, ки Сомониён дар Мовароуннаҳру Хурусон ҷорӣ намуда буданд, бе дигаргуниҳои ҷиддӣ боқӣ монд, чунки давлатдорони баъдӣ қариб ҳеҷ чизи наву беҳтар аз сохти мавҷуда дар оини давлатдорӣ ҷорӣ накарданд.

Тӯли садсолаҳои бедавлатӣ мардуми тоҷик аз санҷишҳои сангини таъриху тақдир гузашт.

Ҳамаи ин солҳо забони тоҷикӣ дар тамоми қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон ба ҳайси забони расмии давлатӣ ва воситаи муоширати байни қавмҳои дигари он боқӣ монд.

Китоби “Сипаҳсолор”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи  Меҳрангез МУҲАББАТОВА