Китоби нав. Собир Азиз: «Палангбачаҳо»

ПалангбачаҳоКитоби Собир Азиз «Палангбачаҳо» соли 2024 дар нашриёти «Меҳроҷ-Граф» аз чоп баромадасст ва аз 304 саҳифа иборат мебошад. Хонандагон китоби «Палангбачаҳо»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Муаллиф Собир Азиз дар пешгуфтораш ба китоб мегӯяд,ки навиштани ин китобро баъди ба охир расонидани асари «Қиссаи Дилороми шумонӣ» сар кардаам. Панҷоҳ дарсади сюжетҳои ин асар тахаюлӣ (фантастикӣ) буда, муносибати инсонро ба муҳити зист таҷассум мекунанд. Рӯйдодҳои бахши дуюми асар ба зиндагӣ наздик буда, дар бораи ду бародарони кӯҳистоние, ки аз хурдсолӣ бо шири як модапаланг парвариш ёфтаанд ва палангсиришт шудаанд, ҳикоят мекунанд.

Максади асосии банда ин аст, ки меҳоҳам ҷавонписарону ҷавондухтарони Ватани азизамон -Тоҷикистон, мисли қаҳрамонҳои мусбии асар Шокиру Зокир инсонҳои ватандӯст, хирадманду соҳибҳунар, зираку доно, чобуку зӯру тавоно ва варзишгарони ҳақиқӣ шаванд ва ба мардум софдилона хизмат кунанд.

Барои шавқовару ҷаззоб шудани саҳнаҳои асар ва ба завқи навҷавонон муносиб гардонидани сюжетҳои он тарзи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва муҳорибаҳои размии бародарони шири палангхӯрда – Шокиру Зокири тоҷикро бо услуби филмҳои машҳури размии муосир ҳунарнамоии актёрони шинохтаи ҷаҳон, монанди Брюс Ли, Ван Дам, Ҷеки Чан… ва дигарон монанд тасвир кардаем. Бинобар ин бисёрҳо мехостам, ки синамогарони давлати мо ҳам, аз рӯйи саҳнаҳои размии қаҳрамонбачаҳои тоҷик, ки дар ин асар зиёд оварда шудаанд, филми бадеӣ ба навор гирифта, ба ин восита руҳияи варзишии ҷавононро тақвият бахшанд. Боварӣ дорам, ки навҷавонони тоҷик корнамоиву қаҳрамониҳои бародарон – Шокиру Зокирро дар экрани телевизору гӯшиҳои дастӣ тамошо карда, аз онҳо хуб баҳрабардорӣ мекунанд.

Дар якчанд рӯйдоди ин асар, рафтору кирдори одамони дузду ғоратгар, чашмгурусна, ҳариси моли мардум тасвир ва сиришти бади онҳо нишон дода шудааст. Ин рӯйдодҳо ба мардуми одӣ метавонанд дарси ибрат гарданд ва дар зиндагӣ ба чунин рафтори ношоиста роҳ надиҳанд.

Инчунин дар асар, рафтору кирдори инсонҳои нек: роҳбарону фармондеҳони боинсоф ва мардону занони боақлу бовиҷдон оварда шудааст, то ин ки хурду калони кишварамон ба рафторҳои неки онҳо пайравӣ кунанд ва аз онҳо ибрат гиранд.

Дар охир, таманно дорам, ки ҳамаи мардуми сарбаланди тоҷик китоб хонанд ва аз андарзҳои он дарси зиндагӣ гиранд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.