Китоби нав. Соҳиб Табаров: “Ҳаёт, адабиёт, реализм” (Ҷилди 6)

Соҳиб ТабаровҶилди 6-уми китоби адабиётшиноси маъруф Соҳиб Шуҳратиевич Табаров бо номи «Ҳаёт, адабиёт, реализм» аз чоп баромад.  Панҷ ҷилди китоби мазкур солҳои 1966-1989 чоп гардида, ба дасти хонандагон расида буд.

Ин китоб фарогири мақолаҳои ба паҳлуҳои гуногуни адабиёти давраи нав бахшида буда, аз ҷониби худи муаллиф интихоб ва мураттаб шудаанд.

Услуби таҳқиқи Соҳиб Табаров дар пайравӣ ба академик Абдулғанӣ Мирзоев ва профессор А. Н. Болдирев, дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад. Ба қавли академики чех Ян Рипка, Соҳиб Шуҳратиеич Табаров дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд.

Ҷилди шашуми осори устод Табаров аз се фасл: Назарияи адабиёт, нақди шеър ва нақди наср иборат аст.

Китоби шашум аз силсилаи “Ҳаёт, адабиёт, реализм”-и донишманди маъруф Соҳиб Табаровро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Фарҳоди Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд.