Китоби нав: «Сотсиология»
Дар воситаи таълимии мазкур муҳимтарин мавзуъҳои фанни-сотсиологӣ таҳлиилу баррасӣ шудаанд, ки барои амиқтар омӯхтани илмҳои ҷомеашиносӣ мусоидат менамоянд. Муаллифон асолати илмии китобро кафолат дода, мутолиаи онро ба доираи васеи хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони фанни сотсиологиятавсия додаанд.
Дар пешгуфтори ки об омадааст, ки мафҳуми сотсиология дар солҳои охир чи дар байни мардум ва чи дар рӯзномаю маҷаллаҳо, радиову телевизион васеъ истифода мешавад. Дар ҳаёти ҳаррӯза бошад, донишҳои сотсиологиро дар корхонаю ташкилотҳо барои ба роҳ мондани навъи фаъолият, идораи босамари кормандон ва ғайра истифода мебаранд. Ҳамаи ин на танҳо як қисми хурди донишҳои сотсиологӣ ҳастанд, ки дар ҷомеа истифода мешаванд. Дониши сотсиологӣ дониши гуногунҷабҳаест, ки ба инсонҳо имконият медиҳад то оқибати иҷтимоии тамоми амалҳо ба инобат гирифта шаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷомеа натанҳо объекти сотсиология ҳаст, балки метавонад объекти дигар илмҳои ҷомеашиносӣ низ бошад. Мисол, ҷомеа объекти омӯзиши чунин илмҳо ба монанди сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, иқтисодиёт, омор, таърих ва ғайра ба ҳисоб меравад. Аз ин гуфтаҳо саволе ба миён меояд, ки пас фарқ байни сотсиология ва дигар илмҳо дар чист?
Он чизе, ки ин илмҳоро аз якдигар фарқ мекунад, ин предмети омӯзиши онҳо мебошад. Ҳар яке аз илмҳои номбаршуда дар ҷомеа як қисми он, паҳлӯи махсуси танҳо ба ин илм хос бударо меомӯзанд. Ҳамин тавр,барои мисол – фалсафа аз рӯи усулҳои худ абадан масъалаи ҳастии инсонро меомӯзад; иқтисодиёт – паҳлуҳои гуногуни соҳаи иқтисодии ҷомеаро сиёсатшиносӣ – институтҳои сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсиро меомӯзад. Сотсиология бошад сохтори иҷтимоӣ институтҳои иҷтимоӣ, тағйироти иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, сифати иҷтимоии шахс, раванди иҷтимоишавӣ, рафтори иҷтимоӣ, шуури ҷамъиятӣ ва ғайраро меомӯзад…
Хонандагон китоби «Сотсиология»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.