Китоби нав. Султонзода С. «Фалсафа»
Ин китоб бо қарори Шурои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба чоп тавсия ва барои донишҷӯёни ихтисосҳои зинаи бакалавриати забонҳои аврупоӣ пешниҳод шудааст.
Муаллиф дар муқаддимаи китоб мегӯяд, ки ҷомеаи инсонӣ ҳамеша дар ҳоли рушду тағирёбӣ қарор дорад. Хусусан, дар ҳоли ҳозир, ки асари технологияи иттилоотӣ ба таври бесобиқа рушд карда, тамоми оламро фаро гирифтааст, баҳамтаъсиррасонии фарҳангу тамаддунҳо беш аз пеш гардидааст. Бинобар ин, бархӯрди тамаддунҳо дар асри технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ҳар як муҳаққиқро пайваста ба ковиш, ҷустуҷӯ, дарёфти воқеият ҳидоят мефармояд, зеро ки ҷомеаи инсонӣ пайваста дар ҳоли инкишоф ёфтан қарор дорад ва дар ҳамоҳангӣ бо таъсироти мутақобилаи таркибҳои низомҳо рушд мекунад. Хусусан, пешрафти илму техника мусоидат намуд, ки инсон аз мавқеи доимии зисташ берун гардида, вориди олами кайҳонӣ шавад ва бо ин восита тавонад ба фаҳмидани асрори олам бештар талош варзад.
То ҳадде ҳукмронии худро аз болои ҳодисаҳои табиат зиёда сохта, барои қонеъ кардани талаботи моддию маънавии худ кӯшиш намояд. Агар воқеъбинона ибрози назар кунем, на дар ҳамаи кишварҳо муваффақиятҳои илму техника барои беҳбудии ҳаёти инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, аз байн бурдани хавфи ҷангҳои ҷаҳонӣ, барқарории амну осоиш метавонанд заминае шаванд. Пас роҳи бартараф карданро аз ин мушкилот дар чунин давлатҳо чи тавр метавон ҷуст ва чӣ гуна муяссар мегардад, ки ба аҳдоф расид. Ё худ омӯзиш ва таълими кадом илм метавонад афроди ин гуна ҷомеаҳоро ба ақлонӣ фаҳмидан, маърифат кардани ҳодиса ва кушодани асрори олам ва ҳал кардани мушкилоти мавҷуда равона созад.
Аз ин рӯ, месазад тазаккур дод, ки роҳи раҳоӣ аз ин мушкилоти ақлию зеҳнӣ ва моддиро метавон баъд аз омӯзиши илми фалсафа дар тафаккури худ падид овард. Чунки таълим ва омӯзиши илми фалсафа пеш аз ҳама ҷаҳонбинии инсонро возеҳ мекунад. Инсонро ба дарк кардани моҳияти худ, фаҳмидани асолати хеш ва кашфи асрори олам равона медорад. Сониян, барои дарк кардан ва тахқиқ намудани масъала, усули хоси онро нишонрас сохта, маҷмуан инсонро ба маърифат кардани моҳияти аслии ашё ва ҳодиса равона мекунад…
Хонандагон китоби «Фалсафа»- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.