Китоби нав. Таҳминаи Турахон. Фалсафаи маориф
Воситаи таълими мазкур бо такя ба дастурҳои таълимии мавҷуда ва таҳқиқотҳои илмии муосири муҳаққиқони ватанию хориҷии самти фалсафаи маориф таҳия шудааст. Он фарогири масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла, объекту предмет, вазифа, давраҳои рушди таърихӣ ва масъалаҳои методологию назариявии фалсафаи маорифи муосир мебошад.
Ҳамчунин дар ин воситаи таълимӣ таносуб ва фарқияти фалсафаи маориф ва илмҳои фалсафӣ дар фазои илми муосир муайян гардидааст. Дар муқаддима аз ҷумла омадааст:
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа эълон гардида, барои рушду нумўъ бахшидани соҳаи мазкур дар доираи имкониятҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварданд.Имрўз маориф на танҳо дар Тоҷикистон,балки дар тамоми дунё соҳаи калидии рушди ҷомеа ва яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, зеро рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, рушди шахсияти инсон ба билохира тақдири ояндаи инсоният маҳз аз соҳаи маориф вобастагӣ дорад. Бинобар ин, омўзиш ва тақиқи соҳаҳои нави илму дониш дар шароити кунунии Тоҷикистони муосир барои рушди босуботи маориф ва васеъ сохтани доираҳои таҳқиқоти муҳақиқони илмҳои фалсафию педагогӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Фалсафаи маориф ҳамчун соҳаи мустақил ва нави донишҳои фалсафӣ дар фазои илми муосир самти нави таҳқиқ ба шумор меравад. Омўзиши он дар Тоҷикистон баъди солҳои истиқлолият оғоз ёфта, то имрўз ҷанбаҳои гуногуни он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин дастури таълимӣ, бевосита барои дарку фаҳми фалсафии масъалаҳои мубрами соҳаи таҳсилоти муосир пешниҳод гардидааст.
Китоби Таҳминаи Турахон “Фалсафаи маориф” ҳамин со чоп шудааст ва онро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Гулрӯ Исмоилова