Китоби нав. “Тактикаи умумӣ” (китоби дарсӣ)
Муаллифони ин китоб, ки дар асл як дастури илмии ҳарбист, Ш.Р. Шоҳиён, Ф.Тошматов, Р.Тӯронзода, Э.Мамадвалиев ва Ф. Эмомализода мебошад. Муҳаррири китоб Р.Зулфониён. Он соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нашр шудааст.
Ин китоби дарсӣ ба барномаи таълимии омода кардани курсантон (донишҷуён)-и донишкадаҳои олии ҳарбӣ, макотиби олие, ки дар онҳо кафедраҳои ҳарбӣ фаъолият мекунанд, ба фанни “тактикаи умумӣ” мувофиқ мебошад. Китоби мазкур дар асоси талаботи оинаномаҳои ҷангии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру роҳнамоиҳои амалкунанда оид ба омодакуни, ташкил ва пешбурди ҷанги умумиқушунии муосир аз ҷониби қисму воҳидҳои Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард шудааст.
Таҷрибаи ҷангҳои дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон баамаломада омӯхта ва дар китоби мазкур ворид гардидаанд. Масъалаҳои асосҳои омодакунӣ, ташкил ва пешбурдаҷанги умумиҷаҳонии муосир аз ҷониби сарбозон ва бахшҳои Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, амали фармондеҳон дар ҳуҷум ва мудофиа, дар марш дар заставаи сафарӣ ва дар разведка (пайҷӯӣ)-ро меомузанд. Муқаррароти асосӣ оид ба омадагӣ ва пешбурди ҷанги умумиҷаҳонӣ аз ҷониби ҷузъу томҳои тирандози савора, инчунин, тавсияҳо оид ба истифодабарии отделенияҳои норинҷакандоз, пулемётӣ, (пулемётӣ- зиддитанкӣ) дар ҷангҳои гуногун маълумотҳо дода мешавад. Масоили таъминоти ҳаматарафаи амалиётҳои ҷангӣ, сохти ташкиливу воҳидӣ, силоҳу аслиҳа ва тактикаи артишҳои кишварҳои хориҷаро дар худ кушодааст.
Дар ҷаласаи Шурои олимони Донишкадаи ҳарбии Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон №11 аз”03”июни соли 2025муҳокима ва тасдиқ карда шудааст.
Хонандагон китоби “Тактикаи умумӣ” (китоби дарсӣ) -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Лундишоева Гулистон
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.